Ва баъзе аз хирадмандон пешпо хоҳанд хӯрд, то ки онҳо то фаро расидани замони охир аз гудозиш гузашта, покиза ва сафед шаванд, зеро ки мӯҳлат ҳанӯз нарасидааст.
Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо наҳоҳем шуд.
Ва фарзандони вайро ба қатл мерасонам, ва ҳамаи калисоҳо хоҳанд донист, ки Ман Имтиҳонкунандаи дилҳо ва ботинҳо ҳастам, ва ба ҳар яке аз шумо мувофиқи аъмолаш подош хоҳам дод.