12 Ва шуморо ҳамаи халқҳо хушбахт хоҳанд хонд, зеро ки шумо замини матлуб хоҳед буд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.
Ва бисьёр касон ба Ерусалим ҳадияҳо барои Худованд, ва инъомҳои гаронбаҳо барои Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, меоварданд, ва ӯ баъд аз он дар назари ҳамаи халқҳо обрӯманд шуд.
То даме ки ба қудсҳои Худо даромадам; он гоҳ ба фарҷоми онҳо сарфаҳм рафтам.
Ва насли онҳо дар миёни халқҳо, ва зурьёти онҳо андаруни қавмон машҳур хоҳанд шуд; ҳар кӣ онҳоро бинад, хоҳад донист, ки онҳо насле ҳастанд, ки Худованд баракат додааст.
Туро дигар «Матрук» нахоҳанд номид, ва замини туро дигар «Вайрона» нахоҳанд гуфт, балки туро «Дилхоҳ» ва замини туро «Шавҳардор» хоҳанд номид, зеро ки Худованд туро хостааст, ва замини ту шавҳар хоҳад кард.
Чунон ки ҷавоне дӯшизаро ба занӣ мегирад, ончунон писаронат туро тасарруф хоҳанд кард, ва чунон ки домод аз арӯс шод мегардад, ончунон Худои ту аз ту шод хоҳад шуд.
Ва он барои Ман исми шодмонӣ, ҷалол ва шукӯҳ пеши ҳамаи халқҳои замин хоҳад буд, ки онҳо тамоми некиеро, ки Ман ба он мекунам, хоҳанд шунид, ва аз боиси тамоми он некӣ ва тамоми он осоиштагие ки Ман ба он мебахшам, тарсида, ба ларза хоҳанд афтод.
Ва ба замини дилписанд дохил хоҳад шуд, ва кишварҳои зиёде азият хоҳанд кашид, вале инҳо аз дасти ӯ халос хоҳанд шуд: Адӯм, Мӯоб ва сарварони банӣ‐Аммӯн.
Ва аз яке аз онҳо як шохи майдае баромад, ки ба самти ҷануб ва ба самти шарқ ва ба самти замини дилписанд бағоят бузург шуд.
Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: дар он айём даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: „Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост“».
Суханони шумо дар ҳаққи Ман сахт буд. Ва мегӯед: «Дар ҳаққи Ту чӣ гуфтаем?»
Ки Ӯ бар фурӯтании канизи Худ назар кардааст; зеро ки минбаъд ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд;
Заминест, ки Худованд Худои ту ба он ғамхорӣ менамояд, чашмони Худованд Худои ту ҳамеша, аз аввали сол то охири сол бар он аст.