Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 3:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Тамоми ушрро ба хазинахона биёред, то ки дар хонаи Ман хӯроке бошад, ва бо ин Маро имтиҳон намоед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки оё Ман равзанҳои осмонро барои шумо намекушоям, ва баракати аз ҳад зиёде бар шумо фурӯ намерезам?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 3:10
35 Iomraidhean Croise  

Ва ин санг, ки мисли сутуне рост мондам, хонаи Худо хоҳад буд; ва ҳар он чи Ту ба ман бидиҳӣ, даҳьякашро ба Ту хоҳам дод».


Дар соли шашсадуми ҳаёти Нӯҳ, дар моҳи дуюм, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, дар ҳамон рӯз ҳамаи чашмаҳои вартаи азим шикофта шуд, ва равзанҳои осмон кушода.


Он саркарда ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони худ хоҳӣ дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».


Ва саркардае ки подшоҳ бар дасти вай такья менамуд, ба марди Худо ҷавоб гардонида, гуфт: «Ҳатто агар Худованд равзанҳо дар осмон бикшояд, оё ин чиз ба амал хоҳад омад?» Ва ӯ гуфт: «Инак, ту бо чашмони худ хоҳӣ дид, валекин аз он нахоҳӣ хӯрд».


Ва левизодагони дигар, яъне бародарони онҳо, бар хазоини хонаи Худо ва бар хазоини қурбониҳои муқаддас таъин шуда буданд:


Ва дар он рӯз бар хуҷраҳои махзан барои ионатҳо, навбарҳо ва ушрҳо одамон таъин карда шуданд, то ки аз киштзорҳои шаҳрҳо ҳиссаҳои коҳинон ва левизодагонро мувофиқи Таврот ҷамъ кунанд, зеро аҳли Яҳудо аз он шод буданд, ки коҳинон ва левизодагон ба хизмат меистоданд,


Ва тамоми Исроил дар айёми Зарубобил ва дар айёми Наҳемьё ҳиссаҳои муғанниён ва дарбононро рӯз ба рӯз медоданд, яъне онҳо вақф ба левизодагон медоданд, ва левизодагон вақф ба зодагони Ҳорун медоданд.


Барои ӯ ҳуҷраи калоне муҳайё карда буд, ки пештар ҳадияҳои ордӣ, бухур ва зарфҳо, ва ушри ғалла, шираи ангур ва равғани зайтунро, ки ҳиссаи левизодагон, муғанниён ва дарбонон буд, ва ионати коҳинонро дар он ҷо мегузоштанд.


Зеро ки тирҳои Ту дар ман фурӯ рафтааст, ва дасти Ту бар ман фурӯд омадааст.


Агар абрҳо аз борон пур шавад, онро бар замин меборонад; ва агар дарахте ба тарафи ҷануб ва ё ба тарафи шимол афтад, дар ҳамон ҷо, ки дарахт афтода бошад, хоҳад монд.


Ва ба онҳо ва ба атрофи теппаи Худ баракат хоҳам бахшид, ва боронро дар мавсимаш хоҳам боронид: боронҳои баракат хоҳад буд.


Ва ибтидои тамоми навбарҳои ҳама чиз, ва ҳар пешкаши ҳар чиз аз тамоми пешкашҳои шумо аз они коҳинон хоҳад буд; ва ибтидои хамири худро ба коҳин бидиҳед, то ки баракат бар хонаи ту қарор ёбад.


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман иҷобат хоҳам намуд, мегӯяд Худованд, Ман осмонро иҷобат хоҳам намуд, ва он заминро иҷобат хоҳад намуд,


Ва Худованд иҷобат намуда, ба қавми Худ хоҳад гуфт: «Инак, Ман ба шумо гандум ва шираи ангур ва равғани зайтун мефиристам, то ки аз он сер шавед; ва дигар шуморо дар миёни халқҳо нангин нахоҳам кард.


Ва хирманҳо аз ғалла пур хоҳад шуд, ва чархуштҳо аз шираи ангур ва равғани зайтун лабрез хоҳад гардид.


Ва ҳосилоти кӯҳнаи поринаро хоҳед хӯрд, ва кӯҳнаро барои нав берун хоҳед овард.


Агар бар тибқи фароизи Ман рафтор кунед, ва аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба ҷо оваред, —


Ва ҳар ушри замин, — чи аз зироати замин, чи аз меваи дарахтон, — аз они Худованд аст; ин барои Худованд муқаддас мебошад.


Оё ҳанӯз тухмӣ дар анбор аст, ва ҳанӯз ток, ва анҷир, ва анор, ва дарахти зайтун бор наовардааст? Ман аз имрӯз баракат хоҳам дод».


Вале ба банӣ‐Левӣ, инак, Ман тамоми ушри банӣ‐Исроилро барои моликият додам, дар ивази хизмате ки онҳо ба ҷо меоваранд, яъне хизмати хаймаи ҷомеъ.


Аммо аввал Малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.


Ва курбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои худ, ва ушрҳои худ, ва ҳадияҳои афроштании дастҳои худ, ва назрҳои худ, ва хайроти худ, ва нахустзодаҳои говон ва гӯсфандони худро ба он ҷо биёред.


Аз тамоми ҳосилоти тухмии худ, ки сол ба сол аз киштзор мерӯяд, ушр бидеҳ.


Ва левизодае ки бо ту ҳисса ва мулке надорад, ва ғариб ва ятим ва бевае ки дар шаҳри ту мебошанд, омада, бихӯранд ва сер шаванд, то ки Худованд Худоят туро дар ҳар амали дастат, ки мекунӣ, баракат диҳад.


Худованд барои ту ганҷинаи некӯи Худ, яъне осмонро воз хоҳад кард, то ки борони замини туро дар сари вақт биборонад ва ба ҳар шуғли дасти ту баракат диҳад, ва ту ба халқҳои бисьёр қарз хоҳӣ дод, вале худат қарз нахоҳӣ гирифт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan