Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 2:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Бинобар ин Ман низ шуморо пеши тамоми қавм мутанаффир ва залил хоҳам гардонид, чунон ки шумо роҳҳои Маро риоя накардед ва дар масъалаҳои шариат бо рӯбинӣ рафтор намудед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 2:9
30 Iomraidhean Croise  

Ва Микойҳу гуфт: «Агар ту ба саломатӣ баргардӣ, Худованд ба воситаи ман сухан нагуфта бошад». Ва гуфт: «Бишнавед, ҳамаи қавмҳо!»


Ба касе рӯйбинӣ нахоҳам кард, ва ба одаме тамаллуқ нахоҳам гуфт.


Зикри одил муборак аст, вале номи шарирон зуд аз байн меравад.


Одамро аз рӯи ақлаш ситоиш мекунанд, вале каҷдил ба нафрат дучор мешавад.


Ва чодирҳои шуморо хоҳам дарронид, ва қавми Худро аз дасти шумо раҳо хоҳам кард, ва онҳо дар дастатон дигар мавриди сайд нахоҳанд буд, ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Фалокат бар фалокат меояд, ва овоза бар овоза ба гӯш мерасад; ва рӯъёе аз набӣ талаб хоҳанд кард, вале дастур аз коҳин, ва машварат аз пирон барҳам хоҳад хӯрд.


Сарваронаш ба бадали ришва доварӣ менамоянд, ва коҳинонаш ба бадали музд таълим медиҳанд, ва анбиёяш ба бадали нуқра фол мегиранд, ва ба Худованд таваккал намуда, мегӯянд: «Худованд, охир, андаруни мост, — мусибате бар мо нахоҳад омад!»


Ва наҷосатҳо бар ту хоҳам рехт, ва туро нафратангез хоҳам гардонид, ва туро барои хандахариш ба тамошои мардум хоҳам гузошт».


Инак, Ман аз боиси шумо зироатро лаънат хоҳам хонд, ва саргинро, яъне саргини идҳои шуморо бар рӯйҳои шумо хоҳам пошид, ва бо ахлот дур карда хоҳед шуд.


Вале шумо аз роҳ дур шуда, касони бисьёрро дар масъалаҳои шариат дар иштибоҳ андохтед, ва аҳди Левиро шикастед, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»


Аммо вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, ки аз наъно, садоб ва ҳар навъ сабзавот ушр медиҳед, вале ба адолат ва муҳаббати Худо беэътиноӣ мекунед; мебоист онҳоро ба ҷо оварда, инҳоро низ тарк намекардед.


Ва онҳое ки ба назари касе соҳибэътибор буданд, — онҳо ягон вақт ҳар чӣ хел бошанд ҳам, барои ман аҳамияте надорад: Худо ба рӯи кас нигоҳ намекунад, — ин соҳибэътиборон ба зиммаи ман ҳеҷ чизе нагузоштанд;


Дар доварӣ рӯбинӣ накунед, арзи хурдро мисли бузург бишнавед, аз ҳеҷ кас натарсед, зеро ки доварӣ аз они Худованд аст; ва даъвое ки барои шумо мушкил бошад, назди ман биёред, то ки онро бишнавам“.


Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: „Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯяд Худованд, ҳошо ки Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan