Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 2:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Вале шумо аз роҳ дур шуда, касони бисьёрро дар масъалаҳои шариат дар иштибоҳ андохтед, ва аҳди Левиро шикастед, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 2:8
34 Iomraidhean Croise  

Ва Уриёи коҳин қурбонгоҳе бино кард; мувофиқи ҳар он чи подшоҳ Оҳоз аз Димишқ фиристода буд, Уриёи коҳин то вақти аз Димишқ баргаштани подшоҳ Оҳоз ончунон ба амал овард.


Онҳоро, эй Худои ман, барои он ба ёд овар, ки каҳонатро, ва аҳди коҳинон ва левизодагонро палид кардаанд!


Одамро аз рӯи ақлаш ситоиш мекунанд, вале каҷдил ба нафрат дучор мешавад.


Аз роҳ дур шавед, аз тариқ берун равед, Куддуси Исроилро аз пеши мо дур кунед!»


Хиёнат карда, мункири Худованд шудаем, ва аз Худои худ дурӣ гузидаем; каломи зулм ва куфрро ба забон рондаем, суханони дурӯғро аз дил гузаронида, ифода намудаем.


Ва пешвоёни ин қавм онҳоро дар иштибоҳ хоҳанд андохт, ва муридонашон дарҳам‐барҳам хоҳанд шуд.


Ту умеди Исроил ҳастӣ, эй Худованд! Ҳамаи онҳое ки Туро тарк мекунанд, шармсор хоҳанд шуд; ва онҳое ки аз ман дур мешаванд, бар хок навишта хоҳанд шуд, зеро ки онҳо Худовандро, ки чашмаи оби ҳаёт аст, тарк кардаанд.


Худованд чунин мегӯяд: «Малъун аст марде ки ба одамизод таваккал мекунад, ва ҷисмро муттакои худ мегардонад, ва дилаш аз Худованд дур мешавад.


Аммо қавми Ман Маро фаромӯш карда, барои батолат бухур месӯзонанд, ва он батолат онҳоро дар роҳҳои онҳо, ки тариқҳои қадим аст, пешпо мезанад, то ки бо пайроҳаҳои ҷоддаи нообод қадамгузор шаванд,


Коҳинон нагуфтанд: „Худованд куҷост?“ Ва шариатдонон Маро нашинохтанд, ва чӯпонон ба Ман осӣ шуданд; ва анбиё ба исми Баал нубувват карданд, ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад.


Коҳинони он шариати Маро поймол, ва чизҳои муқаддаси Маро палид месозанд, чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо намекунанд, ва чизи палидро аз пок фарқ наменамоянд, ва аз шанбеҳои Ман чашми худро мепӯшанд, ва Ман андаруни онҳо беҳурмат шудаам.


Балки левизодагоне ки дар вақти гумроҳии Исроил аз Ман дур шудаанд, яъне онҳое ки Маро тарк карда, бутҳои худро пайравӣ намудаанд, ҷазои гуноҳи худро хоҳанд кашид.


Азбаски ба онҳо ба хузури бутҳошон хизмат мекарданд, ва барои хонадони Исроил васвасаи гуноҳ гардиданд, бинобар ин дасти Худро бардошта қасам хӯрдам, мегӯяд Худованд Худо, ки онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт;


Вақте ки аҷнабиёни дорои дили номахтун ва ҷисми номахтунро меовардед, то ки дар хонаи муқаддаси Ман истода, хонаи Маро палид созанд, ва шумо ғизои Маро, яъне чарбу ва хунро бо ёрии онҳо қурбонӣ менамудед, ва онҳо, илова бар ҳамаи корҳои зишти шумо, аҳди Маро поймол мекарданд;


Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.


Ва набояд насли худро дар қавми худ палид созад, зеро Ман Худованде ҳастам, ки ӯро тақдис менамоям».


Анбиёяш шахсони сабукмағз ва ғаддор ҳастанд; коҳинонаш қудсро палид, ва шариатро хор мекунанд.


Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»


Аҳди Ман бо ӯ аҳди ҳаёт ва осоиштагӣ буд, ва Ман онҳоро ба хотири тарси ӯ ба ӯ додам, ва ӯ аз Ман метарсид, ва аз исми Ман ларзон буд.


Бинобар ин бигӯ: „Инак, Ман аҳди осоиштагии Худро ба ӯ медиҳам;


Ва он барои ӯ ва барои насли ӯ баъд аз ӯ аҳди каҳонати абадӣ хоҳад буд, чунки ӯ барои Худои худ рашк карда, банӣ‐Исроилро кафорат намуд“».


Беҳтар аст, ки ту гӯшт нахӯрӣ, май нанӯшӣ ва коре накунӣ, ки боиси пешпо хӯрдан, ё ба васваса афтодан ва ё суст шудани бародарат мегардида бошад.


Эй бародарон, бохабар бошед, ки касе аз шумо дили шарир ва беимоне ки аз Худои Ҳай рӯй мегардонад, надошта бошад,


Ва гуноҳи он ҷавонон ба ҳузури Худованд бағоят азим буд, зеро ки ин одамон қурбонии Худовандро хор медоштанд.


Чунин амал накунед, эй писаронам! Зеро овозае ки ман мешунавам, хуб нест: шумо боиси маъсияти қавми Худованд мегардед.


Бинобар ин Худованд, Худои Исроил, чунин мегӯяд: „Ман гуфта будам, ки хонадони ту ва хонадони падарат ба ҳузури Ман то абад роҳ хоҳанд рафт. Вале алҳол, мегӯяд Худованд, ҳошо ки Ман инро раво бинам, зеро ки Ман эҳтиромкунандагони Худро эҳтиром хоҳам кард, валекин залилкунандагони Ман расво хоҳанд шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan