Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 2:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Зеро ки лабҳои коҳин донишро маҳфуз медорад, ва шариатро аз даҳони ӯ металабанд, зеро ки ӯ элчии Худованди лашкарҳост.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 2:7
37 Iomraidhean Croise  

Ва Уриёи коҳин қурбонгоҳе бино кард; мувофиқи ҳар он чи подшоҳ Оҳоз аз Димишқ фиристода буд, Уриёи коҳин то вақти аз Димишқ баргаштани подшоҳ Оҳоз ончунон ба амал овард.


Ва Уриёи коҳин мувофиқи ҳар он чи подшоҳ Оҳоз амр фармуда буд, ба амал овард.


Ва Ҳизқиё ба ҳамаи левизодагоне ки аз хизмати Худованд фаҳми некӯ доштанд, суханони дилҷӯй гуфт; ва ҳафт рӯз хӯроки идона хӯрданд, қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд, ва Худованд Худои падарони худро ҳамду сано гуфтанд.


Ва ба қавме ки дар Ерусалим сокин буданд, амр фармуд, ки ҳиссае барои коҳинон ва левизодагон бидиҳанд, то ки ба Тавроти Худованд бо ҷидду ҷаҳд машғул бошанд.


Чунки Эзро дили худро ба он моил карда буд, ки Тавроти Худовандро маънидод кунад, ва онро ба амал оварад, ва фароиз ва аҳкоми шариатро ба Исроил таълим диҳад.


Ва ту, эй Эзро, бар тибқи ҳикмати Худои ту, ки дар дасти туст, доварон ва қозиёнро таъин намо, то бар тамоми қавме ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, — бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед.


То ки фаросатро маҳфуз дорӣ, ва лабҳои ту донишро риоя намояд,


Намон, ки даҳонат ҷисми туро гуноҳкор гардонад, ва дар ҳузури фаришта нагӯй, ки «ин саҳв аст!» Чаро Худо барои сухани ту ба хашм омада, амали дастҳои туро вайрон кунад?


Кист, ки мисли бандаи Ман кӯр бошад? Ва мисли элчии Ман, ки Ман мефиристам, кар бошад? Кист, ки мисли мусаллами Ман кӯр бошад? Ва мисли бандаи Худованд кӯр бошад?


Ӯ каломи бандаи Худро ба амал меоварад ва машварати элчиёни Худро ба иҷро мерасонад; Ӯ дар бораи Ерусалим мегӯяд: «Маскан хоҳад шуд!» ва дар бораи шаҳрҳои Яҳудо: «Онҳо бино хоҳад шуд, ва харобаҳои онро аз нав барқарор хоҳам кард!»


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Агар ту баргардӣ, Ман туро қабул хоҳам кард, он гоҳ ба ҳузури Ман хоҳӣ истод; ва агар гаронбаҳоро аз ночиз берун оварӣ, мисли даҳони Ман хоҳӣ буд; онҳо назди ту хоҳанд баргашт, вале ту назди онҳо нахоҳӣ баргашт.


Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».


Коҳинон нагуфтанд: „Худованд куҷост?“ Ва шариатдонон Маро нашинохтанд, ва чӯпонон ба Ман осӣ шуданд; ва анбиё ба исми Баал нубувват карданд, ва аз қафои чизҳое рафтанд, ки фоида намебахшад.


Коҳинони он шариати Маро поймол, ва чизҳои муқаддаси Маро палид месозанд, чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо намекунанд, ва чизи палидро аз пок фарқ наменамоянд, ва аз шанбеҳои Ман чашми худро мепӯшанд, ва Ман андаруни онҳо беҳурмат шудаам.


Фалокат бар фалокат меояд, ва овоза бар овоза ба гӯш мерасад; ва рӯъёе аз набӣ талаб хоҳанд кард, вале дастур аз коҳин, ва машварат аз пирон барҳам хоҳад хӯрд.


Ва хирадмандони қавм бисьёреро панд хоҳанд дод, вале як айёми муайян онҳо аз шамшер ва оташ ва асирӣ ва тороҷ азият хоҳанд кашид;


Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.


Ва тамоми фароизеро, ки Худованд ба шумо ба воситаи Мусо амр фармудааст, ба банӣ‐Исроил таълим диҳед».


Анбиёяш шахсони сабукмағз ва ғаддор ҳастанд; коҳинонаш қудсро палид, ва шариатро хор мекунанд.


Ва Ҳаҷҷай, қосиди Худованд, ки аз ҷониби Худованд фиристода шуда буд, ба қавм сухан ронда, гуфт: «Ман бо шумо ҳастам, мегӯяд Худованд».


Ва ба коҳиноне ки дар хонаи Худованди лашкарҳо буданд, ва ба анбиё сухан ронда, бипурсанд: «Оё ман дар моҳи панҷум бигирьям ва рӯзадорӣ кунам, чунон ки чандин сол ин тавр кардаам?»


Инак, Ман қосиди Худро мефиристам, ва ӯ роҳро пеши Ман холӣ хоҳад кард; ва ногаҳон Худованд, ки шумо толиби Ӯ ҳастед, ба қасри Худ хоҳад омад, ва қосиди аҳд низ, ки шумо муштоқи Ӯ мебошед; инак, меояд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва ӯ ба ҳузури Элъозори коҳин истад, то ки барои ӯ ҳукми уримро ба ҳузури Худованд бипурсад: аз рӯи фармони вай бояд ӯ, ва тамоми банӣ‐Исроил бо ӯ, ва тамоми ҷамоат берун раванд, ва аз рӯи фармони вай дохил шаванд».


Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ фиристодаи Маро қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад».


Боз Исо ба онҳо гуфт: «Салом бар шумо бод! Чунон ки Падар Маро фиристод, Ман низ шуморо мефиристам».


Вай аз қафон мо ва Павлус омада, фарьёд зад, ки ин одамон бандагони Худои Таолоянд ва роҳи наҷотро ба мо хабар медиҳанд.


Пас, мо элчиёни Масеҳ ҳастем, гӯё ки Худо ба воситаи мо хоҳишманд аст. Мо аз тарафи Масеҳ илтимос мекунем: бо Худо мусолиҳа намоед.


Ва шумо аз озмоиши ман, ки дар ҷисми ман аст, нафрат накардед ва кароҳат надоштед, балки маро мисли фариштаи Худо, мисли Исои Масеҳ пазироӣ намудед.


Ва коҳинон, писарони Левӣ, наздик меоянд, чунки онҳоро Худованд Худои ту баргузидааст, то ки хизмати Ӯро ба ҷо оваранд ва ба исми Худованд баракат диҳанд, ва бар тибқи сухани онҳо ҳар низоъ ва ҳар осеб бояд яктарафа карда шавад.


Дар хусуси захми махав эҳтиёт намоед, то ҳар он чиро, ки коҳинони левизода ба шумо таълим медиҳанд, бағоят риоя намуда, ба ҷо оваред; он чиро, ки ман ба онҳо амр фармудаам, риоя намуда, ба ҷо оваред.


Бинобар ин, ҳар кӣ саркашӣ мекунад, на ба одамизод, балки ба Худо саркашӣ мекунад, ки Ӯ Рӯҳулқудси Худро ба мо ато намудааст.


Ва гуноҳи он ҷавонон ба ҳузури Худованд бағоят азим буд, зеро ки ин одамон қурбонии Худовандро хор медоштанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan