Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 2:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Аҳди Ман бо ӯ аҳди ҳаёт ва осоиштагӣ буд, ва Ман онҳоро ба хотири тарси ӯ ба ӯ додам, ва ӯ аз Ман метарсид, ва аз исми Ман ларзон буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 2:5
14 Iomraidhean Croise  

Танҳо қасди он доранд, ки ӯро аз мартабааш сарнагун созанд; кизбро дӯст медоранд: бо забони худ баракат медиҳанд, вале андаруни худ лаънат мегӯянд. Село.


Касе ки бо роҳи рост равад, тарсгори Худованд аст, вале касе ки роҳҳояш каҷ аст, Ӯро хор медорад.


Ва барои онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ва ҳайвоноти даррандаро аз ин замин нест хоҳам кард, ва онҳо дар биёбон дар амният сокин хоҳанд шуд, ва дар ҷангалҳо хоҳанд хобид.


Ва Ман бо онҳо аҳди сулҳу осоиштагӣ хоҳам баст, ки бо онҳо аҳди ҷовидонӣ хоҳад буд; ва онҳоро баракат дода, афзун хоҳам намуд, ва хонаи муқаддаси Худро андаруни онҳо то абад барқарор хоҳам кард.


Ва Финҳос ибни Элъозор ибни Ҳоруни коҳин инро дид, ва аз миёни ҷамоат бархоста, найзаро ба дасти худ гирифт,


Ва аз қафои он марди исроилӣ ба хуҷра дохил шуда, ҳар дуяшон, марди исроилӣ ва занро ба шикамаш халонид; ва вабо аз банӣ‐Исроил бартараф шуд.


«Левизодагонро дар ивази ҳамаи нахустзодагони банӣ‐Исроил бигир, ва чорпоёни левизодагонро дар ивази чорпоёни онҳо; ва левизодагон аз они Ман хоҳанд буд. Ман Худованд ҳастам.


Ва баъд аз ин, левизодагон барои иҷрои хизмати хаймаи ҷомеъ хоҳанд омад, ва ту онҳоро татҳир намо, ва онҳоро ҳамчун инъоми ҷунбониданӣ ба ҷунбиш овар.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan