Бинобар ин, инак Ман бар хонадони Ёробъом фалокат меоварам, ва аз Ёробъом ҳар нарина ва ҳар бандӣ ва озодро, ки дар Исроил бошанд, маҳв менамоям, ва хонадони Ёробъомро тамоман нест мекунам, чунон ки наҷосатро то ба охир нест мекунанд;
Ва он устухонҳоро пеши офтоб ва моҳ ва тамоми лашкари осмон, ки онҳоро дӯст медоштанд, ва ибодат ва пайравӣ ва ҷустуҷӯ намуда, пеши онҳо саҷда мекарданд, паҳн хоҳанд кард; он устухонҳо ҷамъ оварда ва дафн карда нахоҳад шуд, балки мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳад буд.
Он гоҳ Ман ҳам нисбат ба шумо чунин амал хоҳам кард; ва бар шумо чизҳои даҳшатангез, яъне сил ва табларзаро хоҳам фиристод, ки онҳо чашмонро хира мекунад ва ҷонро мекоҳонад; ва тухмии худро барабас кишт хоҳед кард, ва онро душманонатон хоҳанд хӯрд.