Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Агар нашнавед, ва агар дар дили худ ҷо накунед, ки бояд исми Маро ҷалол диҳед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Ман бар шумо лаънат хоҳам фиристод, ва баракоти шуморо лаънат хоҳам гуфт, ва аллакай лаънат гуфтаам, чунки шумо инро дар дили худ ҷо накардаед.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 2:2
31 Iomraidhean Croise  

Лаънати Худованд бар хонаи шарир аст, вале маскани одилонро Ӯ баракат медиҳад.


Ва Ӯ оташи хашми Худ ва шиддати ҷангро бар онҳо рехт, ва алангаи он аз ҳар тараф онҳоро иҳота намуд, вале дарк накарданд; ва онҳоро сӯзонид, вале диққат надоданд.


Ва ту гуфтӣ: «То абад хотун хоҳам буд», то ба дараҷае ки ба ҳамаи ин чизҳо диққат надодӣ, ва оқибати корро ба хотир наовардӣ.


Пас ту аз кӣ тарсидаӣ ва ҳаросон шудаӣ, ки хиёнат кардаӣ, ва Маро ба ёд наовардаӣ, оқибати инро ба дил нагирифтаӣ? Оё на аз он сабаб ки Ман дер вақт хомӯш мондаам, ва ту аз Ман натарсидаӣ?


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: шумо Маро нашнидед дар бораи он ки ҳар кас барои бародари худ ва хар кас барои ёри худ озодӣ эълон намояд; пас, инак Ман, — мегӯяд Худованд, — барои шумо озодиро сӯи шамшер, вабо ва қаҳтӣ эълон хоҳам кард, ва шуморо барои ҳамаи мамлакатҳои замин ба даҳшат табдил хоҳам дод;


Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд, зеро ки тамоми хонадони Исроил пешонии сахт ва дили сангин доранд.


Бисьёр кишт мекунед, вале ҳосили кам мебардоред; мехӯред, вале сер намешавед; менӯшед, вале на ба қадри кофӣ; либос мепӯшед, вале он гармӣ надорад; ва ҳар кӣ муздурӣ мекунад, музди худро гӯё дар ҳамьёни сӯрохдор мегузорад.


Бисьёрро мунтазир мешавед, ва инак кам аст, ва онро ба хона меоваред — Ман онро барбод медиҳам. Аз барои чӣ? — мегӯяд Худованди лашкарҳо. — Аз барои хонаи Ман, ки хароб аст, ва ҳол он ки шумо ҳар яке ба кори хонаи худ машғулед.


Ва акнун барои шумо, эй коҳинон, чунин ҳукме ҳаст:


Шумо гирифтори лаънати сахт гардидаед, чунки шумо, яъне тамоми халқ Маро ғорат кардаед.


Оё, ғайр аз ин аҷнабӣ, касе ёфт нашуд, ки баргашта, Худоро ҳамду сано ҳонад?»


Ва Еҳушаъ ба Охон гуфт: «Писарам, лутфан Худованд Худои Исроилро ҷалол деҳ, ва пеши Ӯ иқрор шав, ва ба ман маъл м намо, ки чӣ кардӣ; аз ман пинҳон надор».


Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.


Ва ӯ бо овози баланд мегуфт: «Аз Худо тарсед ва Ӯро ҷалол диҳед, зеро ки соати доварии Ӯ фаро расидааст; ва ба Офаридагори осмон ва замин, ва баҳр ва чашмаҳои об саҷда кунед».


Ва одамонро гармои зӯре сӯзонд, ва онҳо ба исми Худо, ки бар ин балоҳо ихтиёр дорад, куфр мегуфтанд ва тавба накарданд, то ки Ӯро ҷалол диҳанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan