Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 2:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Худованд ҳар касро, ки чунин амал менамояд, ҳам касеро, ки дар посгоҳаш бедор истода нидо мекунад, ҳам касеро, ки ба он нидо ҷавоб мегардонад, ва ҳам касеро, ки барои Худованди лашкарҳо ҳадия меоварад, аз хаймаҳои Яъқуб маҳв хоҳад кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 2:12
28 Iomraidhean Croise  

Ва онҳо барои муқаррар кардани навбатдорӣ, — хурд дар баробари калон, моҳир дар баробари шогирд, — қуръа партофтанд.


Зеро Ман, ки Худованд ҳастам, адлу инсофро дӯст медорам, аз ғоратгарӣ ва ноинсофӣ нафрат дорам, ва мукофоти онҳоро аз рӯи ростӣ хоҳам дод, ва аҳди ҷовидонӣ бо онҳо хоҳам баст.


Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,


Ва онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт: гуноҳи саволдиҳанда чӣ гунае ки бошад, гуноҳи набӣ ҳамон гуна хоҳад буд,


„Ба хонадони Исроил бигӯй: Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман хонаи муқаддаси Худро, ки ҷалоли қуввати шумо, ҳаловати чашмони шумо ва марҳами ҷони шумост, ба хорӣ таслим хоҳам намуд, ва писарону духтарони шумо, ки онҳоро дар Яҳудо тарк кардаед, аз шамшер хоҳанд афтод.


Ҳатто агар фарзандони худро калон кунанд ҳам, онҳоро нобуд хоҳам кард, ба тавре ки одаме боқӣ нахоҳад монд; зеро ки вой бар ҳоли онҳо, вақте ки аз онҳо низ дур шавам.


Зеро ҳар касе ки яке аз ин қабоҳатҳоро ба амал оварад, ҷонҳои ба амал овардагон аз миёни қавми худ маҳв хоҳанд шуд.


Ва Ман хашми Худро ба он кас хоҳам нигаронид ва ӯро аз миёни қавмаш маҳв хоҳам кард, зеро ки ӯ аз насли худ ба Мӯлик додааст, то ки қудси Маро наҷис ва исми қуддуси Маро беҳурмат гардонад.


Ҳатто агар қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордии худро барои Ман биёред, онҳо дилхоҳи Ман нахоҳад буд, ва ба қурбонии шукронаи говони парвории шумо назар нахоҳам андохт.


Ва Худованд аввал хаймаҳои Яҳудоро наҷот хоҳад дод, то ки шавкати хонадони Довуд ва шавкати сокинони Ерусалим бар Яҳудо фахр накунад.


Кошки касе низ аз байни шумо ёфт мешуд, ки дарҳоро бандад, то ки бар қурбонгоҳи Ман бар абас оташ дарнагиронанд! Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар шумо нест, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳадияеро аз дасти шумо хоҳон нестам.


Ва мегӯед: «Ин чӣ заҳмат аст!». Ва ба он беэътиноӣ мекунед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳайвони даридашуда, ва ланг, ва касалро меоваред, ва инро барои ҳадия меоваред; оё Ман онро аз дасти шумо метавонам қабул кунам? — мегӯяд Худованд.


Ҳамаи мо, охир, як падар дорем, ва ҳамаи моро, охир, як Худо офаридааст! Пас чаро дар ҳаққи якдигар хиёнат карда, аҳди падарони худро беҳурмат созем?


Чӣ зебост хаймаҳои ту, эй Яъқуб, ва масканҳои ту, эй Исроил!


Онҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод».


Вале одамони бад ва фиребгарон боз ҳам бадтар гардида, дигаронро гумроҳ хоҳанд кард ва худашон гумроҳ хоҳанд шуд.


Ва ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай он набии козиб дастгир шуд, ки дар пеши вай мӯъҷизот ба амал оварда буд, ки ба воситаи онҳо касонеро, ки тамғаи ҳайвони ваҳширо қабул карда, ба пайкари он саҷда менамоянд, фиреб мекард: ҳар ду зинда дар кӯли оташ андохта шуданд, ки дар он кибрит месӯхт;


Бинобар ин Ман дар ҳаққи хонадони Элӣ қасам хӯрдаам, ки гуноҳи хонадони Элӣ бо қурбонй ва ҳадия то абад кафорат нахоҳад шуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan