Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 2:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ҳамаи мо, охир, як падар дорем, ва ҳамаи моро, охир, як Худо офаридааст! Пас чаро дар ҳаққи якдигар хиёнат карда, аҳди падарони худро беҳурмат созем?

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 2:10
50 Iomraidhean Croise  

Онҳоро, эй Худои ман, барои он ба ёд овар, ки каҳонатро, ва аҳди коҳинон ва левизодагонро палид кардаанд!


Охир, Ӯ ки маро дар батн офардидааст, варо низ офаридааст, ва ҳар дуро Ягона дар раҳим ба вуҷуд овардааст.


Пеши назари худ чизи қабеҳро нахоҳам гузошт; аз амали гумроҳон нафрат дорам; ба ман нахоҳад часпид.


Шумо он чиро, ки Ман ба мисриён кардам, дидед, ва Ман шуморо бар болҳои уқобон бардоштам, ва шуморо назди Худ овардам.


Ва алҳол, агар шумо ба овози Ман ба яқин гӯш диҳед, ва аҳди Маро риоят кунед, шумо ганҷи гузини Ман аз миёни ҳамаи қавмҳо хоҳед буд; зеро ки тамоми замин аз они Ман аст.


Ва Мусо омада, ҳамаи суханони Худованд ва тамоми фароизро ба қавм ҳикоят кард; ва тамоми қавм бо як овоз ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳамаи суханонеро, ки Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард».


Ва китоби аҳдро гирифта, ба самъи қавм хонд, ва онҳо гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба амал хоҳем овард ва гӯш хоҳем дод».


Вале акнун Худованд, ки туро, эй Яъқуб, офардидааст, ва туро, эй Исроил, ба вуҷуд овардааст, чунин мегӯяд: «Натарс, зеро ки Ман туро раҳонидаам, туро ба исми ту хондаам; ту аз они Ман ҳастӣ.


Ман Худованд Қуддуси шумо ҳастам, Офаринандаи Исроил ва Подшоҳи шумо».


Яъне ҳар киро, ки ба исми Ман номида шудааст, ва Ман ӯро барои ҷалоли Худ офаридаам, ӯро ба вуҷуд овардаам ва ӯро сохтаам».


Худованд, ки туро офаридааст, ва туро аз батн ба вуҷуд овардааст, ва туро ёварӣ медиҳад, чунин мегӯяд: эй бандаи Ман Яъқуб, натарс, ва эй Ешурун, ки туро баргузидаам.


Ба падаратон Иброҳим, ва ба Соро, ки шуморо зоидааст, назар андозед; зеро вақте ки Ман ӯро даъват намудам, ӯ як нафар буд, ва ӯро баракат додам, ва ӯро афзун гардонидам.


Ту, охир, Падари мо ҳастӣ, агарчи Иброҳим моро намедонад, ва Исроил моро намешиносад; Ту, эй Худованд, Падари мо, Раҳокунандаи мо ҳастӣ, ва исми Ту аз азал чунин аст.


Ва касе нест, ки исми Туро бихонад, ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд, зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ, ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем.


Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.


Онҳо бо гирья хоҳанд омад, ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд; онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд, ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд; зеро ки Ман падари Исроил ҳастам, ва Эфроим нахустзодаи Ман аст.


«Эй писари одам! Сокинони ин вайронаҳои замини Исроил сухан ронда, мегӯянд: „Иброҳим як нафар буд ва ин заминро мерос гирифт; ва мо бисьёр ҳастем, ба мо ин замин мерос дода шудааст“.


Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»


Яҳудо хиёнат кардааст, ва дар Исроил ва Ерусалим қабоҳат ба амал омадааст, зеро ки Яҳудо қудси Худовандро, ки Ӯ дӯст медошт, беҳурмат сохта, духтари худои бегонаро ба никоҳи худ даровардааст.


Вале шумо аз роҳ дур шуда, касони бисьёрро дар масъалаҳои шариат дар иштибоҳ андохтед, ва аҳди Левиро шикастед, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва бародар бародарро ва падар фарзандро ба марг таслим хоҳад кард; ва фарзандон бар зидди падарону модарон қиём карда, онҳоро ба ҳалокат хоҳанд расонд;


Ва шогирдони худро бо ҳиродиён назди Ӯ фиристода, гуфтанд: «Эй Устод! Медонем, ки Ту ҳақгӯй ҳастӣ ва роҳи Худоро ба ростӣ таълим медиҳӣ ва аз касе парвое надорӣ, зеро ҳеҷ рӯбинӣ намекунӣ;


Ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;


Қасамеро, ки Ӯ ба падари мо Иброҳим ёд карда буд, ба хотир хоҳад овард,


Акнун самаре оваред, ки сазовори тавба бошад, ва дар дили худ нагӯед, ки „падари мо Иброҳим аст!“; зеро ба шумо мегӯям, ки Худо қодир аст аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзандон ба вуҷуд оварад;


Онҳо дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Падари мо Иброҳим аст». Исо ба онҳо гуфт: «Агар фарзандони Иброҳим мебудед, аъмоли Иброҳимро ба ҷо меовардед;


Шумо аъмоли падари худро мекунед». Ба Ӯ гуфтанд: «Мо аз зино таваллуд наёфтаем; мо як Падар дорем, ки Худо бошад».


Оё Ту аз падари мо Иброҳим, ки мурд, ва аз анбиё, ки низ мурданд, бузургтар ҳастӣ? Ту Худро кӣ медонӣ?»


Падари шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи Маро бубинад: ва дид ва шод гардид».


Худое ки олам ва тамоми мавҷудоти онро офаридааст, Худованди осмону замин аст ва дар маъбадҳои сохтаи дасти инсон сокин нест


Ва ба хизмати дастҳои одамӣ эҳтиёҷ надорад, зеро ки Худаш ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад;


Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст, то ки бар тамоми рӯи замин сокин шаванд, ва барои сукунати онҳо мӯҳлатҳо ва ҳудуди муайяне пешакӣ муқаррар кардааст,


Ба ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва эй падарон, гӯш кунед! Худои Зулҷалол ба падари мо Иброҳим, вақте ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пеш аз он ки ба Ҳоррон муҳоҷират кунад, зоҳир шуд


Рӯзи дигар назди онҳо омада дид, ки муноқиша мекунанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда, гуфт: „Эй мардумон, шумо бародар ҳастед, чаро яқдигарро меранҷонед?“


Пас, фаразан, падари мо Иброҳим ба ҳасби ҷисм чӣ чизе пайдо кард?


Ва на фақат ин, балки ба Ривқо низ ҳамин тавр шуд, вақте ки вай аз яке, яъне аз падарамон Исҳоқ ба як шикам ду писарро ҳомила буд.


Лекин мо як Худо дорем, яъне Худои Падар, ки ҳама чиз аз Ӯст, ва мо барои Ӯ ҳастем, ва як Худованд дорем, яъне Исои Масеҳ, ки ҳама чиз ба воситаи Ӯст, ва мо ба воситаи Ӯ ҳастем.


Бинобар ин, кизбро аз худ дур карда, ҳар яке ба ёри худ рост гӯед, чунки мо андоми яқдигарем.


Як Худо ва Падари ҳама, ки Ӯ бар болои ҳама, ва ба воситаи ҳама, ва дар ҳама мебошад.


Ва касе дар ҳеҷ бобат ба бародари худ таҷовуз ё суиистифода накунад, чунки Худованд барои ҳамаи ин корҳо интиқом мегирад, чунон ки пештар низ ба шумо гуфтем ва шаҳодат додем.


Илова бар ин, барои мо, ки аз падарони ҷисмонӣ ҷазо ёфта, аз онҳо метарсем, оё лозим нест, ки ба Падари рӯҳҳо хеле зиёдтар итоат намоем, то ки зист кунем?


Вале Ман падаратон Иброҳимро аз он тарафи наҳр гирифтам, ва ӯро дар тамоми замини Канъон гардонидам, ва насли ӯро афзун кардам, ва Исҳоқро ба ӯ додам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan