Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 1:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Ва ҳангоме ки шумо ҳайвони кӯрро барои қурбонӣ меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Ва ҳангоме ки ҳайвони ланг ва касалро меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Агар онро ба волии худ пешкаш намоӣ, оё вай аз ту розӣ шуда, ба ту таваҷҷӯҳ хоҳад кард? — мегӯяд Худованди лашкарҳо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 1:8
10 Iomraidhean Croise  

Ва акнун барои худ ҳафт наргов ва ҳафт қӯчқор бигиред, ва назди бандаи Ман Айюб биравед, ва барои худ қурбонии сӯхтанӣ бароваред, ва бандаи Ман Айюб барои шумо дуо хоҳад гуфт, зеро ки фақат рӯи ӯро иҷобат хоҳам намуд, бе он ки ба шумо бадӣ бикунам, чунки дар бораи Ман мисли бандаи Ман Айюб сухани дуруст нагуфтед».


Муроди дилашро ба ӯ ато фармудаӣ, ва талабҳои лабонашро рад накардаӣ. Село.


Худованд дар бораи ин қавм чунин мегӯяд: «Чунон ки онҳо ба овора гаштан муҳаббат дошта, пойҳои худро нахостанд боздоранд, ончунон Худованд ба онҳо таваҷҷӯҳ накард, ва алҳол гуноҳашонро ба ёд оварда, онҳоро барои маъсияташон ҷазо медиҳад».


Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест. Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод: онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.


Дар соли дуюми подшоҳ Дорьёвеш, дар рӯзи якуми моҳи шашум, каломи Худованд ба воситаи Ҳаҷҷаи набӣ нозил шуда, ба волии Яҳудо Зарубобил ибни Шаалтиил ва ба саркоҳин Еҳушаъ ибни Еҳӯсодоқ гуфт:


Кошки касе низ аз байни шумо ёфт мешуд, ки дарҳоро бандад, то ки бар қурбонгоҳи Ман бар абас оташ дарнагиронанд! Ҳусни таваҷҷӯҳи Ман бар шумо нест, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳадияеро аз дасти шумо хоҳон нестам.


Бар қурбонгоҳи Ман нони палид меоваред, ва мегӯед: «Бо чӣ мо Туро беҳурмат сохтаем?» Бо ин ки дар дили худ мегӯед: «Суфраи Худованд сазовори ҳурмат нест».


Вале агар он ягон айбе дошта бошад, яъне ланг ё кӯр бошад, ё ҳар гуна нуқсони дигараш бошад, онро барои Худованд Худои худ забҳ накун.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan