Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 1:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Бар қурбонгоҳи Ман нони палид меоваред, ва мегӯед: «Бо чӣ мо Туро беҳурмат сохтаем?» Бо ин ки дар дили худ мегӯед: «Суфраи Худованд сазовори ҳурмат нест».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 1:7
14 Iomraidhean Croise  

Курбонгоҳи чӯбине буд, ки се зироъ баландӣ ва ду зироъ дарозӣ дошт; ва гӯшаҳояш, ва дарозияш ва деворҳояш аз чӯб буд. Ва ба ман гуфт: ин мизест, ки дар ҳузури Худованд мебошад.


Онҳо ба хонаи муқаддаси Ман дохил хоҳанд шуд, ва онҳо ба мизи Ман наздик хоҳанд омад, то ки ба Ман хизмат кунанд; ва онҳо навбатдориро барои Ман ба ҷо хоҳанд овард.


Ҳеҷ як ҳадияи ордие ки барои Худованд тақдим менамоед, набояд бо хамиртуруш тайёр карда шавад, зеро ки ҳеҷ як хамиртуруш ва ҳеҷ як асалро набояд барои Худованд ҳамчун қурбонии оташин бисӯзонед.


Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.


Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.


Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.


Валекин шумо онро беҳурмат месозед бо ин ки дар дили худ мегӯед: «Суфраи Худованд палид аст, ва неъматаш, яъне таомаш сазовори ҳурмат нест».


Ва мегӯед: «Ин чӣ заҳмат аст!». Ва ба он беэътиноӣ мекунед, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ва ҳайвони даридашуда, ва ланг, ва касалро меоваред, ва инро барои ҳадия меоваред; оё Ман онро аз дасти шумо метавонам қабул кунам? — мегӯяд Худованд.


Ва ҳангоме ки шумо ҳайвони кӯрро барои қурбонӣ меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Ва ҳангоме ки ҳайвони ланг ва касалро меоваред, оё ин кор нодуруст нест? Агар онро ба волии худ пешкаш намоӣ, оё вай аз ту розӣ шуда, ба ту таваҷҷӯҳ хоҳад кард? — мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам дар суфраи девҳо.


Вале агар он ягон айбе дошта бошад, яъне ланг ё кӯр бошад, ё ҳар гуна нуқсони дигараш бошад, онро барои Худованд Худои худ забҳ накун.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan