Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 1:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 1:6
52 Iomraidhean Croise  

Агар Худованд бо мо намебуд, вақте ки одамон бар мо қиём карданд,


Падари худ ва модари худро иззат намо, то ки умри ту бар замине ки Худованд Худои ту ба ту медиҳад, дароз шавад.


Тоҷи пирон писарони писаронанд, ва ҷалолати писарон — падару модари онҳо.


Насле ҳастанд, ки падари худро лаънат мекунанд ва модари худро табрик намегӯянд.


Чашме ки падарро тамасхур мекунад ва аз итоати модар нафрат дорад, зоғони водӣ онро нӯл зада мекананд, ва бачаҳои уқоб онро мехӯранд.


Эй осмон, бишнав, ва эй замин, гӯш андоз, чунки Худованд сухан меронад: «Писаронро парвариш додам ва ба воя расонидам, вале онҳо бар зидди Ман исьён карданд.


Барраҳои қурбонии сӯхтании худро барои Ман наовардӣ, ва бо забҳҳои худ Маро ҷалол надодӣ. Ман туро бо ҳадияҳо ба заҳмат наандохтам, ва бо лебӯно ба ту гаронӣ накардам.


Эй вой бар касе ки ба падари худ гӯяд: «Чаро ту маро ба дуньё овардаӣ?» Ва ба модари худ: «Чаро ту маро зоидаӣ?»


Ва касе нест, ки исми Туро бихонад, ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд, зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ, ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем.


Ва акнун, эй Худованд, Ту Падари мо ҳастӣ; мо гил ҳастем, ва Ту — кӯзагари мо, ва ҳамаамон амали дастҳои Ту мебошем.


«Зеро ки ҳам набӣ ва ҳам коҳин риёкорӣ мекунанд; ҳатто дар хонаи Худ шарорати онҳоро ёфтаам, — мегӯяд Худованд. —


Оё навакак Маро нахондӣ: „Эй Падари ман, Ту ёри ҷавонии ман ҳастӣ!


Онҳо бо гирья хоҳанд омад, ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд; онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд, ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд; зеро ки Ман падари Исроил ҳастам, ва Эфроим нахустзодаи Ман аст.


Зеро писарони Йӯнодоб ибни Рекоб амри падари худро, ки ба онҳо фармудааст, ба ҷо меоваранд, вале ин қавм ба Ман гӯш намедиҳанд.


Коҳинони он шариати Маро поймол, ва чизҳои муқаддаси Маро палид месозанд, чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо намекунанд, ва чизи палидро аз пок фарқ наменамоянд, ва аз шанбеҳои Ман чашми худро мепӯшанд, ва Ман андаруни онҳо беҳурмат шудаам.


Вале Эфроим мегӯяд: «Дуруст аст, ки ман сарватдор шудаам, барои худ молу мулк пайдо кардаам; дар тамоми дороии ман ноинсофие ки гуноҳ бошад, назди ман нахоҳанд ёфт».


Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.


Инро бишнавед, эй коҳинон, ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил, ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ, зеро ки доварӣ бар шумост, чунки шумо доме барои Мисфо будед, ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.


Ҳар яке аз модари худ ва аз падари худ тарсон бошед, ва шанбеҳои Маро риоя намоед. Ман Худованд Худои шумо ҳастам.


Анбиёяш шахсони сабукмағз ва ғаддор ҳастанд; коҳинонаш қудсро палид, ва шариатро хор мекунанд.


Ва акнун барои шумо, эй коҳинон, чунин ҳукме ҳаст:


Ҳамаи мо, охир, як падар дорем, ва ҳамаи моро, охир, як Худо офаридааст! Пас чаро дар ҳаққи якдигар хиёнат карда, аҳди падарони худро беҳурмат созем?


Вале шумо аз роҳ дур шуда, касони бисьёрро дар масъалаҳои шариат дар иштибоҳ андохтед, ва аҳди Левиро шикастед, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва Ман барои доварӣ назди шумо хоҳам омад, ва ба зидди ҷодугарон ва зинокорон ва касоне ки қасами дурӯғ мехӯранд, ва ба зидди онҳое ки музди муздур, бева ва ятимро намедиҳанд, ва нисбат ба ғарибе каҷкорӣ мекунанд, ва аз Ман наметарсанд, бо зудӣ шаҳодат хоҳам дод, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Зеро ки Худо хукм кардааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.


Баъд аз он вай набояд падар ё модари худро ҳурмат кунад“. Ба ҳамин тариқ шумо ҳукми Худоро бо ривояти худ бартараф намудаед.


Падару модаратро иззат намо; ва ёри худро мисли худ дӯст бидор».


Пас ба ин мазмун дуо гӯед: „Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! исми Ту муқаддас бод;


На ҳар касе ки ба Ман: „Худовандо! Худовандо!“ мегӯяд, ба Малакути Осмон дохил хоҳад шуд, балки он касе ки иродаи Падари Маро, ки дар осмон аст, ба ҷо меоварад.


Аҳкомро медонӣ: „Зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; озор надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун“».


Зеро Мусо гуфтааст: „Падару модари худро иззат намо“; ва: „Ҳар кӣ падар ё модари худро дашном диҳад, албатта ҳалок гардад“.


Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»


Аҳкомро медони: зино накун; қатл накун; дуздӣ накун; шаҳодати бардурӯғ надеҳ; падару модаратро ҳурмат кун».


Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст.


Чаро Маро „Худовандо! Худовандо!“ мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред?


«Падар ва модари худро иззат намо», ин аст хукми аввалин бо чунин ваъда:


Ва дар биёбон, чунон ки дидед, Худованд Худои шумо, мисли касе ки писари худро мебардорад, шуморо дар тамоми роҳе ки мерафтед, бардошта бурд, то даме ки ба ин ҷо расидед“.


Оё подоши шумо барои Худованд ҳамин аст, эй қавми разил ва беақл? Ӯ, охир, падари туст, молики туст, Ӯ туро офарид ва туро устувор кард.


Падари худ ва модари худро иззат намо, чунон ки Худованд Худоят ба ту амр фармудааст, то ки умри ту дароз шавад, ва дар замине ки Худованд Худоят ба ту медиҳад, барои ту некӯ бошад.


Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварӣ мекунад, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan