Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 1:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва чашмони шумо инро хоҳад дид, ва шумо хоҳед гуфт: «Кибриёи Худованд берун аз ҳудуди Исроил афзудааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 1:5
14 Iomraidhean Croise  

Ва ғазаби Худованд бар Яҳудо ва Ерусалим аланга зад, ва ӯ онҳоро гирифтори даҳшат, харобӣ ва мадҳушӣ гардонид, чунон ки шумо бо чашмони худ мебинед.


Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.


Ва Ман дар пеши назари халқҳои бисьёр бузургӣ ва қудсият ва шӯҳрат пайдо хоҳам кард, ва хоҳанд донист, ки Ман Худованд ҳастам“.


Ва сокинони шаҳрҳои Исроил берун хоҳанд омад, ва оташ даргиронида, яроқро: сипарҳо, ҷавшанҳо, камонҳо, тирҳо, калтакҳо ва найзаҳоро хоҳанд сӯзонид, ва ҳафт сол оташро бо онҳо давом хоҳанд дод.


Ва Ӯ хоҳад истод ва бо қудрати Худованд, бо кибриёи исми Худованд Худои Худ хоҳад чаронид, ва онҳо сокин хоҳанд шуд, зеро ки алҳол Ӯ то ақсои замин бузург хоҳад шуд.


Балки бо шумо сухан меронам, ки чашмонатон тамоми аъмоли бузурги Худовандро, ки карда буд, дидааст.


Он чиро, ки Худованд дар Баал‐Фаӯр кард, чашмони шумо дидааст: ҳар касеро, ки пайрави Баал‐Фаӯр буд, Худованд Худои шумо аз миёни шумо маҳв намуд.


Ва сӯи Худованд истиғоса бурдед, Ӯ дар миёни шумо ва мисриён торикӣ гузошт, ва баҳрро бар онҳо равона карда, онҳоро пӯшонид, ва чашмони шумо он чиро, ки дар Миср кардам, дидааст; ва айёми зиёде дар биёбон сокин будед.


Низ алҳол биистед ва ин кори бузургро, ки Худованд дар пеши назари шумо ба ҷо меоварад, бубинед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan