Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 1:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Агар Адӯм бигӯяд: «Мо валангор гардидаем, вале харобазорро аз нав бино хоҳем кард», пас Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Онҳо бино хоҳанд кард, вале Ман вайрон хоҳам намуд, ва онҳоро ҳудуди шарорат ва қавме хоҳанд номид, ки Худованд бар онҳо то абад ғазаб кардааст».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 1:4
37 Iomraidhean Croise  

Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт; касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.


Агар ӯ сокит карда бошад, кист, ки тавонад зътироз намояд? Ва агар Ӯ рӯи Худро пӯшида бошад, кист, ки тавонад ба Ӯ назар андозад? Ин хоҳ нисбат ба халқе ва хоҳ нисбат ба одаме баробар аст.


Ӯ донодил ва бо қуввати Худ ҷасур аст; кист, ки бар зидди Ӯ қиём карда, саломат монда бошад?


Суруди сууд. Хушо ҳар тарсгори Худованд, ки бо роҳҳои Ӯ меравад!


Агарчи андаруни тангӣ роҳ меравам, маро зинда хоҳӣ гардонд; бар хашми душманонам дасти Худро равона хоҳӣ кард, ва ямини Ту маро наҷот хоҳад дод.


Аз Худованд тарсед, эй муқаддасони Ӯ, зеро ки тарсгорони Ӯро ҳеҷ камӣ нест.


Ҳикмате нест, ва хираде нест, ва машварате нест бар хилофи Худованд.


Магар ин ки дар миёни бандиён сари таслим фурӯд оваранд ва дар миёни мақтулон фурӯ ғалтанд; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.


Ва онҳо якҷоя бар китфи фалиштиён ба ғарб ҳуҷум хоҳанд овард, аҳли шарқро тороҷ хоҳанд кард, бар Эдӯм ва Мӯоб дасти худро хоҳанд гузошт, ва банӣ‐Аммӯн ба онҳо тобеъ хоҳанд шуд.


Шаб ва рӯз хомӯш нахоҳад шуд; дуди он то абад хоҳад баромад; аз насл ба насл харобазор хоҳад монд; то абадуддаҳр касе дар он гузар нахоҳад кард.


Зеро ки шамшери Ман дар осмон сероб гардидааст: инак, бар Адӯм ва бар қавме ки ба ҳалокат маҳкум намудаам, барои доварӣ меояд.


Ва барои ояндаи ту умеде ҳаст, — мегӯяд Худованд, — ва фарзандонат ба ҳудуди худ хоҳанд баргашт.


Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Адӯм қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи сокинони Темон андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ масканҳои онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.


Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст?


Бигрезед, пушт гардонед, дар мағораҳо пинҳон шавед, эй сокинони Дадон, зеро ҳалокати Эсовро бар он хоҳам овард, ҳангоме ки онро ба ҷазо мустаҳиқ намоям.


Ва онҳо ҳосилоти ту ва нони туро хоҳанд хӯрд, писарон ва духтарони туро хоҳанд хӯрд, бузу гӯсфандон ва говони туро хоҳанд хӯрд, ангури ту ва анҷири туро хоҳанд хӯрд; шаҳрҳои истеҳкомдори туро, ки ба онҳо таваккал менамоӣ, бо шамшер валангор хоҳанд кард».


Кист, ки чизе гуфта бошаду он чиз иҷро шуда бошад, бе он ки Худованд амр фармояд?


Аз шамшер хоҳед афтод; назди сарҳади Исроил бар шумо доварӣ хоҳам кард, ва шумо хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дасти Худро бар Адӯм дароз хоҳам кард, ва одамону чорпоёнро аз он маҳв хоҳам сохт, ва онро валангор хоҳам намуд; аз Темон то Дадон аз шамшер хоҳанд афтод.


Ва интиқоми Худро аз Адӯм бо дасти қавми Худ Исроил хоҳам гирифт, ва бар тибқи хашм ва ғазаби Ман ба Адӯм амал хоҳам кард, ва интиқоми Маро хоҳанд донист, мегӯяд Худованд Худо.


Ва туро ба сахраи суфтае табдил хоҳам дод; маконе барои паҳн кардани тӯрҳои моҳигирӣ хоҳӣ шуд; дигар бино нахоҳӣ ёфт; зеро Ман, ки Худованд ҳастам, гуфтам, мегӯяд Худованд Худо.


Шаҳрҳоятро ба харобазор табдил хоҳам дод, ва ту валангор хоҳӣ шуд, ва хоҳӣ донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Туро ба харобазори абадӣ табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои ту маскун нахоҳад шуд; ва хоҳед донист, ки Ман Худованд ҳастам.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард, ва раҳму шафқати худро барҳам дод, ва хашмаш доимо шиддат меёфт, ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.


Ва хонаи зимистониро бо якҷоягии хонаи тобистонӣ хароб хоҳам кард, ва хонаҳои оҷ талаф хоҳад шуд, ва хонаҳои бисьёр нест хоҳад гардид», мегӯяд Худованд.


Бинобар ин, азбаски бенаворо поймол кардед, ва аз ғаллаи вай хироҷ гирифтед, — хонаҳо аз санги тарошида хоҳед сохт, вале дар онҳо сокин нахоҳед шуд; токҳои дилпазир хоҳед парварид, вале шароби онҳоро нахоҳед нӯшид,


Зеро инак, Худованд амр мефармояд, ва хонаи калон гард‐гард мешавад, ва хонаи хурд — пора‐пора.


Ба Кална убур намоед ва бубинед, ва аз он ҷо ба Ҳамоти бузург биравед, ва ба Ҷати фалиштиён фурӯд оед: оё онҳо аз ин мамлакатҳо беҳтаранд? Оё ҳудуди инҳо аз ҳудуди шумо зиёдтар аст?


Рӯъёи Убадьё. Худованд Худо дар бораи Адӯм чунин мегӯяд: «Хабаре аз ҷониби Худованд шунидам, ки қосиде назди халқҳо фиристода шудааст: „Бархезед, ва бар зидди вай барои ҷанг бархезем“.


Аз боиси зулме ки ту дар ҳаққи бародарат Яъқуб кардаӣ, хиҷолат туро хоҳад пӯшонид, ва ту ба сурати абадӣ маҳв хоҳӣ шуд.


Ва аз Эсов нафрат кардам, ва кӯҳҳои варо валангор намуда, амлокашро макони шағолҳои биёбон гардонидам.


Ҳар кӣ бо Ман нест, ба Ман муқобил аст; ва ҳар кӣ бо Ман ҷамъ намекунад, вай пароканда мекунад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan