3 Ва аз Эсов нафрат кардам, ва кӯҳҳои варо валангор намуда, амлокашро макони шағолҳои биёбон гардонидам.
Ва Худованд ба вай гуфт: «Ду қабила дар батни ту ҳастанд, ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд; ва қавме аз қавме зӯр барояд, ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».
Ва сароб ба кӯл табдил хоҳад ёфт, ва хушкӣ — ба чашмаҳои об; дар маскане ки шағолон мехобанд, маконе барои най ва қамиш хоҳад буд.
Лекин Ман Эсовро тамоман луч кардаам, ҷойҳои ниҳонии ӯро ошкор намудаам, ва ӯ наметавонад пинҳон шавад; насли ӯ, ва бародарони ӯ, ва ҳамсоягони ӯ торумор гардидаанд, ва ӯ нест шудааст.
Бинобар ин қарори Худовандро, ки дар бораи Адӯм қабул кардааст, ва тадбирҳои Ӯро, ки дар бораи сокинони Темон андешидааст, бишнавед: ба ростӣ, хурдтарини рамабонон онҳоро хоҳанд рабуд; ба ростӣ, ӯ масканҳои онҳоро бар онҳо валангор хоҳад кард.
Ва Ҳосӯр маскани шағолон, харобазори абадӣ хоҳад гардид; касе дар он ҷо сокин нахоҳад шуд, ва писари одам дар он ҷо зиндагӣ нахоҳад кард».
Дар бораи Адӯм Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Оё дигар дар Темон ҳикмат нест? Оё машварат аз соҳибфаҳмон нест шуда, ҳикматашон барҳам хӯрдааст?
Бигрезед, пушт гардонед, дар мағораҳо пинҳон шавед, эй сокинони Дадон, зеро ҳалокати Эсовро бар он хоҳам овард, ҳангоме ки онро ба ҷазо мустаҳиқ намоям.
Ва Бобил ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон, ба мавриди даҳшат ва масхара табдил ёфта, ғайримаскун хоҳад шуд.
«Ва Ман Ерусалимро ба сангтӯдаҳо, ба маъвои шағолон табдил хоҳам дод, ва шаҳрҳои Яҳудоро биёбони ғайримаскуне хоҳам гардонид».
Эй духтари Сион! Маъсияти ту акнун тамом шудааст: Ӯ туро дигар ҷалои ватан нахоҳад кард. Аммо маъсияти туро, эй духтари Адӯм, Ӯ ба ҷазо мустаҳиқ намуда, гуноҳҳоятро ошкор хоҳад кард.
Бинобар ин Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман дасти Худро бардоштаам, ки халқҳое ки дар гирду атрофи шумо ҳастанд, худашон бори нанги худро хоҳанд бардошт.
Зеро инак Ман сӯи шумо назар дӯхтаам, ва ба шумо рӯ меоварам, ва шумо шудгор ва кишт карда хоҳед шуд.
Миср вайрона хоҳад шуд, ва Адӯм ба биёбони хароба табдил хоҳад ёфт, аз боиси зулме ки дар ҳаққи банӣ‐Яҳудо карданд, яъне хуни бегуноҳонро дар замини онҳо рехтанд.
Аз боиси зулме ки ту дар ҳаққи бародарат Яъқуб кардаӣ, хиҷолат туро хоҳад пӯшонид, ва ту ба сурати абадӣ маҳв хоҳӣ шуд.
«Агар касе назди Ман ояд ва аз падару модар, зану фарзандон, бародарону хоҳарон ва ҳамчунин аз ҷони худ нафрат накунад, вай наметавонад шогирди Ман бошад;