Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ман шуморо дӯст доштаам, мегӯяд Худованд. Вале шумо мегӯед: «Муҳаббати Худро ба мо дар чӣ зоҳир намудаӣ?» Оё Эсови бародари Яъқуб набуд? — мегӯяд Худованд. — Вале Ман Яъқубро дӯст доштам,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 1:2
32 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд ба вай гуфт: «Ду қабила дар батни ту ҳастанд, ва ду қавм аз шиками ту ҷудо шаванд; ва қавме аз қавме зӯр барояд, ва калонӣ ба хурдӣ хизмат кунад».


Ва нахустин сурхранг берун омад, тамоми баданаш мисли пӯстин пашмнок буд, ва ӯро Эсов ном ниҳоданд.


Ва баъд аз он бародараш берун омад, ва пошнаи Эсовро ба дасти худ гирифта буд; ва ӯро Яъқуб ном ниҳоданд. Ва дар вақти таваллуди онҳо Исҳоқ шастсола буд.


Ва Исҳоқро раъшаи бузурге фаро гирифта, ба ларзиш овард, ва ӯ гуфт: «Пас он кӣ буд, ки нахҷир сайд карда, бароям овард, ва пеш аз омадани ту аз ҳамааш хӯрдам, ва ӯро баракат додам? Ва ӯ муборак хоҳад буд!»


Ва ба ман гуфт: „Инак, Ман туро борвар ва афзун мегардонам, ва аз ту қавмҳои зиёде ба вуҷуд меоварам, ва ин заминро баъд аз ту ба насли ту ба тасарруфи абадӣ медиҳам“.


Муборак аст Худованд Худои ту, ки бар ту таваҷҷӯҳ намуда, туро бар тахти Исроил нишонидааст! Азбаски Худованд Исроилро ба сурати абадӣ дӯст медорад, Ӯ туро ба подшоҳӣ таъин намудааст, то ки доварӣ ва адолатро ба амал оварӣ».


Ва ӯ гуфт: «Бо кадом роҳ меравем?» Вай гуфт: «Бо роҳи биёбони Адӯм».


Азбаски ту дар назари Ман азиз ва гаронбаҳо ҳастӣ, ва Ман туро дӯст доштаам, бинобар ин мардуми дигарро дар ивази ту, ва қабилаҳоро дар бадали ҷони ту хоҳам дод.


Ин кист, ки аз Адӯм меояд, бо либоси сурх аз Басра меояд? Ин кист, ки дар либоси Худ пуршукӯҳ аст, ва дар камоли қуввати Худ қадам мегузорад? «Ман ҳастам, ки аз рӯи адолат сухан меронам ва барои наҷот додан тавоно мебошам».


Эй шумо, ки насли ин даврон ҳастед! Ба каломи Худованд диққат диҳед: оё Ман барои Исроил биёбон будам? Ё кишвари торикии зулмот? Пас, чаро қавми Ман гуфтанд: „Мо аз ту дур шудаем, дигар назди ту нахоҳем омад“?


Худованд чунин мегӯяд: «Падарони шумо дар Ман чӣ ноинсофӣ ёфтанд, ки аз Ман дур шуданд, ва аз қафои ҳеҷу пуч рафта, худашон ба батолат мубаддал гардиданд?


Аз дурдаст Худованд ба ман зоҳир шуд: бо муҳаббати абадӣ туро дӯст доштам, бинобар ин туро бо марҳамат ба Худ ҷалб намудам.


Худованд чунин мегӯяд: «Барои се ҷинояти Адӯм, ва барои чор ҷинояташ ғазабамро аз он нахоҳам баргардонид, чунки бародари худро бо шамшер таъқиб кард, ва раҳму шафқати худро барҳам дод, ва хашмаш доимо шиддат меёфт, ва ғазаби худро ҳамеша нигоҳ медошт.


Шумо Худовандро бо суханони худ заҳмат медиҳед, ва мегӯед: «Бо чӣ Ӯро заҳмат додаем?» Бо ин ки шумо мегӯед: «Ҳар бадкирдор дар назари Худованд хуб аст, ва Ӯ ба онҳо таваҷҷӯҳ мекунад», ё ки: «Худои адлу инсоф куҷост?»


Вале вай, ки меҳост худро сафед кунад, ба Исо гуфт: «Пас ёри ман кист?»


Ҳукми Ман ин аст, ки якдигарро дӯст доред, чунон ки Ман шуморо дӯст доштам.


Аммо фақат ба падарони ту Худованд таваҷҷӯҳ намуда, онҳоро дӯст дошт, ва насли онҳо, яъне шуморо баъд аз онҳо аз ҳамаи қавмҳо баргузид, чунон ки имрӯз воқеъ шудааст.


Вале Худованд Худои ту нахост Билъомро гӯш кунад, ва Худованд Худои ту он лаънатро барои ту ба баракат табдил дод, зеро ки Худованд Худоят туро дӯст медорад.


Ба яқин Ту қавмҳоро дӯст медорӣ; ҳамаи муқаддасонашон дар дасти Ту ҳастанд, ва онҳо назди қадамгоҳи Ту ӯрду заданд, ва суханони Туро қабул карданд, —


Ва азбаски Ӯ падарони туро дӯст дошта, насли онҳоро баъд аз онҳо баргузид, Худаш туро бо кувваи бузурги Худ аз Миср берун овард,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan