Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Малокӣ 1:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Зеро ки аз тулӯи офтоб то ғуруби он исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, ва дар ҳар ҷо ба исми Ман бухур ва ҳадияи поке оварда мешавад, зеро ки исми Ман дар миёни халқҳо бузург аст, мегӯяд Худованди лашкарҳо.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Малокӣ 1:11
65 Iomraidhean Croise  

Зеро ки Худованд бузург аст ва бениҳоят мамдӯҳ, ва Ӯ саҳмгин аст бар ҳамаи худоён.


Исроф намудааст: ба мискинон тақсим карда додааст; адолаташ то абад қоим аст; шохаш дар ҷалол баланд хоҳад шуд.


Баҳр инро дида, гурехт; Урдун қафо гашт.


Аз қафо ва аз пеш маро фаро гирифтаӣ, ва кафи Худро бар ман гузоштаӣ.


Андӯҳамро пеши Ӯ изҳор менамоям; тангиамро пеши Ӯ баён мекунам.


То ки доим зинда монда, рӯи гӯрро набинад.


Зеро мебинад, ки ҳакимон мемиранд, бо якҷоягии ҷоҳилон ва аблаҳон нобуд мешаванд; ва тавонгарии худро ба дигарон боқӣ мегузоранд.


Барои сардори муғанниён. Таронаи Довуд,


Ки Ӯ ҷонҳои моро дар ҳаёт боқӣ гузошт, ва пойҳои моро намонд, ки фурӯ ғалтад.


Худо хоҳад бархост, душманони Ӯ пароканда хоҳанд шуд, ва бадхоҳони Ӯ аз пеши Ӯ хоҳанд гурехт.


Сион шунид ва хурсандӣ кард, ва духтарони Яҳудо шод шуданд ба муносибати довариҳои Ту, эй Худованд.


Ва дар он рӯз хоҳед гуфт: «Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед; корҳои Ӯро дар миёни қавмон хабар диҳед; зикр намоед, ки исми Ӯ олист.


Худовандро бисароед, зеро ки Ӯ корҳои бузург кардааст; ин дар тамоми замин маълум аст.


Ва Худованд ба мисриён маъруф хоҳад шуд, ва мисриён дар он рӯз Худовандро хоҳанд шинохт, ва бо қурбониҳо ва ҳадияҳо Ӯро ибодат хоҳанд намуд, ва барои Худованд назр карда, онро ба ҷо хоҳанд овард.


Инак, исми Худованд аз дурдаст меояд, ғазаби Ӯ аланга мезанад, ва дуди ғализе аз он боло мебарояд; лабҳои Ӯ пур аз хашм аст, ва забони Ӯ мисли оташи сӯзон аст.


То ки аз тулӯи офтоб ва аз ғуруби он бидонанд, ки ҷуз аз Ман нест: Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест.


Зеро ки Офаринандаи ту шавҳари туст, ки исми Ӯ Худованди лашкарҳост; ва Қуддуси Исроил Раҳокунандаи туст; Ӯ Худои тамоми замин хонда хоҳад шуд.


Ва дар ғарб аз исми Худованд, ва дар тарафи тулӯи офтоб аз ҷалоли Ӯ хоҳанд тарсид; вақте ки душман мисли наҳре ба ҳуҷум ояд, нафаси Худованд варо хоҳад ронд.


Ва Ман, ки аз аъмол ва фикрҳои онҳо воқиф ҳастам, хоҳам омад, то ки ҳамаи халқҳо ва забонҳоро фароҳам оварам, ва онҳо омада, ҷалоли Маро хоҳанд дид.


Монанди Ту, эй Худованд, нест! Ту бузург ҳастӣ, ва исми Ту дар қудрат бузург аст.


Кист, ки аз Ту, эй Подшоҳи халқҳо, натарсад? Зеро ки Ту сазовори ин ҳастӣ; чунки дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо ва дар тамоми мамоликашон монанди Ту нест.


Ва агар дар ростӣ, инсоф ва адолат „ба ҳаёти Худованд!“ гӯён қасам ёд кунӣ, он гоҳ халқҳо дар вай баракат хоҳанд хост ва бо вай фахр хоҳанд кард».


Чунон ки ту дидаӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва охан, мис, гил, нуқра ва тиллоро пора‐пора кард, ончунон Худои бузург подшоҳро аз он чи баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Пас, хоб дуруст ва таъбири он амин аст!»


То ки онҳо бақияи Адӯм ва ҳамаи халқҳоеро, ки исми Ман бар онҳо ниҳода шудааст, тасарруф намоянд», мегӯяд Худованд, ки инро ба амал меоварад.


Ва Ӯ хоҳад истод ва бо қудрати Худованд, бо кибриёи исми Худованд Худои Худ хоҳад чаронид, ва онҳо сокин хоҳанд шуд, зеро ки алҳол Ӯ то ақсои замин бузург хоҳад шуд.


Худованд бар онҳо саҳмгин хоҳад буд, зеро ки Ӯ ҳамаи худоёни заминро маҳв хоҳад кард, ва ҳамаи халқҳои сокини ҷазираҳо, ҳар яке аз макони худ, ба Ӯ саҷда хоҳанд кард.


Зеро ки он вақт ба қавмон забони поке хоҳам бахшид, то ки ҳамаашон исми Худовандро бихонанд, ва Ӯро якдилона ибодат намоянд.


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, Ман қавми Худро аз замини шарқ, ва аз замини ғуруби офтоб наҷот хоҳам дод;


Ва малъун бод фиребгаре ки қӯчқори хубе дар рамаи худ дорад, ва назр намудааст, вале ҳайвони маъюберо барои Худованд курбонӣ мекунад, зеро ки Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Подшоҳи бузург ҳастам, ва исми Ман дар миёни халқҳо саҳмгин аст.


Ва ҳамчун гудозанда ва тозакунандаи нуқра нишаста, банӣ‐Левиро тоза хоҳад кард, ва онҳоро мисли тилло ва нуқра гудохта, беғаш хоҳад гардонид, то ки ҳадияро барои Худованд аз сидқи дил пешкаш намоянд.


Як қошуқи тилло, вазнаш даҳ сиқл, пур аз бухур;


Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед,


Ва ба шумо мегӯям, ки бисьёр касон аз шарқ ва ғарб омада, дар Малакути Осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб хоҳанд нишаст;


Ва дар вақти бухур карданаш тамоми ҷамоат дар берун дуо мегуфтанд.


Пас, шуморо, эй бародарон, ба марҳамати Худо даъват менамоям, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, муқаддас ва писандидаи Худо тақдим кунед: ибодати оқилонаи шумо ҳамин хоҳад буд;


Барои он ки дар миёни халқҳо хизматгузори Исои Масеҳ бошам ва каҳонати башорати Худоро ба ҷо оварам, то ки ҳадияи халқҳо аз Рӯҳулқудс муқаддас гардида, ба Худо мақбул афтад.


Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.


То ки исми Худованди мо Исои Масеҳ дар шумо ҷалол ёбад, ва шумо дар Ӯ ҷалол ёбед, ба ҳасби файзи Худои мо ва Исои Масеҳи Худованд.


Пас хоҳиш дорам, ки мардон дастҳои муқаддасро бе ғазаб ва шубҳа боло бардошта, дар ҳар ҷо дуо гӯянд;


Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд».


Кист, ки аз Ту, эй Худованд, натарсад ва исми Туро ҷалол надиҳад? Зеро ки танҳо Ту Қуддус ҳастӣ. Ҳамаи халқҳо омада, дар пеши Ту саҷда хоҳанд кард, зеро ки довариҳон одилонаи Ту зоҳир шудааст».


Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тиллои пур аз бухур дошт, ки онҳо дуоҳои муқаддасон ҳастанд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan