Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Хуруҷ 7:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард; ва аломот ва мӯъҷизоти Худро дар замини Миср афзун хоҳам намуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Хуруҷ 7:3
25 Iomraidhean Croise  

Ва бар фиръавн, бар ҳамаи ғуломони ӯ ва бар тамоми қавми замини ӯ аломот ва мӯъҷизот зоҳир намудӣ, зеро медонистӣ, ки бар падарони мо ситам мекарданд, ва барои Худ исм пайдо кардӣ, чунон ки имрӯз низ маълум аст.


Моҳ ва ситорагонро барои салтанати шаб, зеро ки эҳсони Ӯ то абад аст.


Ва сазои ҳафтчандон ба ҳамсоягони мо баргардон, барои хорие ки ба Ту, эй Худованд, расондаанд.


Ва Мусо ва Ҳорун тамоми ин мӯъҷизотро ба ҳузури фиръавн ба амал оварданд; вале Худованд дили фиръавнро сахт кард, ва вай банӣ‐Исроилро аз замини худ равона накард.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Фиръавн ба шумо гӯш нахоҳад дод, то ки мӯъҷизоти Ман дар замини Миср афзун шавад».


Ва Ман дили фиръавнро сахт хоҳам кард, то ки вай онҳоро таъқиб намояд, ва ҷалоли Худро ба воситаи фиръавн ва тамоми лашкараш зоҳир хоҳам сохт, то мисриён бидонанд, ки Ман Худованд ҳастам». Ва чунин карданд.


Ва дасти Худро ёзонида, Мисрро бо тамоми мӯъҷизоти Худ, ки андаруни он ба амал меоварам, зарба хоҳам зад; ва баъд аз он вай шуморо равона хоҳад кард.


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Вақте ки рафта ба Миср баргаштӣ, диққат намо, ки тамоми мӯъҷизотеро, ки ба дастат супурдаам, ба ҳузури фиръавн ба амал оварӣ; ва Ман дили варо сахт хоҳам кард, то ки қавмро равона накунад.


Ва Мусо ва Ҳорун рафта, ҳамаи пирони банӣ‐Исроилро ҷамъ карданд.


Ва Ӯ гуфт: «Дастатро боз ба бағалат бимон». Вай дасташро боз ба бағалаш монд; ва онро аз бағалаш баровард, ва инак, он боз мисли баданаш солим шудааст.


Ва дили фиръавн сахт шуд, ва ӯ ба онҳо гӯш надод, чунон ки Худованд гуфта буд.


Валекин барои он туро боқӣ гузоштам, ки қуввати Худро ба ту нишон диҳам, ва исми Ман дар тамоми дуньё шӯҳрат ёбад.


Дили подшоҳ мисли ҷӯйҳои об дар дасти Худованд аст: онро Ӯ ба ҳар куҷо ки хоҳад равона мекунад.


Бедор шав, эй бозуи Худованд, бедор шав, ва ҷомаи қудратро дар бар кун! Мисли айёми қадим ва даврҳои дерин бедор шав! Оё ту ҳамон нестӣ, ки Раҳабро куштаӣ, ва наҳангро нобуд кардаӣ?


«Мисли айёме ки аз Миср берун омадӣ, корҳои аҷоибе ба вай нишон хоҳам дод».


Исо ба вай гуфт: «Агар аломот ва мӯъҷизот набинед, имон намеоваред».


Эй мардони Исроил! Ба ин суханон гӯш диҳед: Исои Носирӣ Марде буд, ки назди шумо аз ҷониби Худо бо кувваҳо ва мӯъҷизот ва аломоте ки Худо дар миёни шумо ба василаи Ӯ содир кард, ба субут расид, чунон ки ҳудатон низ медонед;


Ӯ онҳоро берун оварда, дар давоми чиҳил сол дар замини Миср ва дар баҳри Қулзум ва дар биёбон мӯъҷизоту аломот ба амал овард.


Бо қуввати аломоту мӯъҷизот, бо қуввати Рӯҳи Худо ба ҷо овардааст, ба тавре ки ман аз Ерусалим ва гирду атрофаш гирифта то Илурикӯн башорати Масеҳро интишор кардаам,


Пас, Ӯ ҳар киро хоҳад, марҳамат мекунад, ва ҳар киро хоҳад, сангдил мегардонад.


Оё худое кӯшидааст, ки омада, халқеро аз миёни халқе бо озмоишҳо, аломатҳо ва мӯъҷизаҳо, ва ҷанг ва дасти қавӣ ва бозуи тӯлонӣ ва даҳшатҳои азим барои худ бигирад, мисли ҳар он чи Худованд Худои шумо барои шумо дар Миср пеши назари шумо ба амал овард?


Яъне озмоишҳои бузургро, ки чашмонат дидааст, ва аломот ва мӯъҷизот ва дасти қавӣ ва бозуи тӯлониро, ки Худованд Худои ту ба воситаи онҳо туро берун овард; Худованд Худои ту ба ҳамаи қавмҳое ки ту аз онҳо метарсӣ, чунин хоҳад кард.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan