Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Хуруҷ 7:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ҳар он чиро, ки Ман ба ту амр фармоям, ту ба забон хоҳӣ ронд, ва бародарат Ҳорун онро ба фиръавн хоҳад гуфт, то ки вай банӣ‐Исроилро аз замини худ равона кунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Хуруҷ 7:2
13 Iomraidhean Croise  

Ва Микойҳу гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки он чи Худованд ба ман бигӯяд, ҳамонро хоҳам гуфт».


Ва ту бо ӯ сухан ронда, суханонро ба забонаш талқин хоҳӣ кард; ва Ман бо забони ту ва забони ӯ хоҳам буд, ва шуморо хоҳам омӯхт, ки чӣ бояд бикунед.


Ва ӯ бо амри ту ба қавм сухан хоҳад ронд; ва ӯ барои ту мисли забон хоҳад буд, ва ту барои ӯ мисли Худо хоҳӣ буд.


Ва баъд аз ин Мусо ва Ҳорун омада, ба фиръавн гуфтанд: «Худованд Худои Исроил чунин мегӯяд: „Қавми Маро равона кун, то ки барои Ман дар биёбон ид кунанд“».


Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: «Ман Худованд ҳастам; ҳар он чиро, ки Ман ба ту мегӯям, ба фиръавн, подшоҳи Миср, бигӯ».


Ва Мусо ва Ҳорун ба амал оварданд; чунон ки Худованд ба онҳо амр фармуда буд, ончунон амал карданд.


Пас, ту камари худро бибанд, ва бархоста, ҳар он чиро Ман ба ту амр фармоям, ба онҳо бигӯй; аз онҳо натарс, мабодо туро пеши онҳо ба изтироб оварам.


Вале Худованд ба ман гуфт: «Нагӯ: „Ман амраде ҳастам“, балки сӯи ҳар касе ки туро бифиристам, хоҳӣ рафт, ва ҳар чиро, ки ба ту амр фармоям, хоҳӣ гуфт.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Ҳамаи суханони Маро, ки ба ту мегӯям, дар дили худ ҷой деҳ ва бо гӯшҳои худ бишнав,


«Эй писари одам! Ман туро барои хонадони Исроил дидбон таъин намудаам, ва ту каломро аз даҳони Ман шунида, онҳоро аз Ман огоҳ хоҳӣ намуд.


Ва онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармодам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам». Омин.


Зеро ки ҳеҷ як фурсатро аз даст надодаам, ки ба шумо тамоми иродаи Худоро бифаҳмонам.


Ба он чи ман ба шумо амр мефармоям, чизе илова нанамоед, ва чизе аз он кам накунед, балки фақат аҳкоми Худованд Худои худро, ки ман ба шумо амр мефармоям, риоя намоед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan