3 Панҷ чодир бояд бо ҳамдигар пайванд карда шавад, ва панҷ чодири дигар бо ҳамдигар пайванд карда шавад.
Дарозии ҳар як чодир бисту ҳашт зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ бошад; ҳамаи чодирҳо ба як андоза бошад.
Ва тугмахонаҳо аз лоҷвард бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ мебошад, бисоз; ва бар лаби чодири канори пайвандкунии дуюм низ чунин бисоз.
Ва панҷ чодирро алоҳида, ва шаш чодирро алоҳида пайванд намо; ва чодири шашумро аз тарафи пеши хайма дуқат бикун.
Ва панҷ чодирро ба якдигар пайванд кард, ва панҷ чодири дигарро ба якдигар пайванд кард.
То ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд, — то ҷаҳон имон оварад, ки Ту Маро фиристодӣ.
Бахшоишҳо гуногун аст, лекин Рӯҳ ҳамон як аст;
Аз Ӯ тамоми Бадан, ба воситаи ҳар навъ пайвандҳои тақвияткунанда мустаҳкам ва пайваст шуда, бо амали ҳар андоми ҷудогона ба андозаи хоси он, афзоиш меёбад, то ки худро дар муҳаббат бино кунад.
Инҳо робитаи худро аз сари бадан буридаанд, аз саре ки тамоми бадан ба воситаи буғумҳо ва бандҳо куввати ҳаётбахш гирифта ва пайваст гардида, нашъунамо меёбад ба нашъунамое ки аз Худост.
То ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад, барои ҳар сарвати фаҳми комил, то сирри Худо ва Падар ва Масеҳро бидонанд,