3 Вале натавонист дигар ӯро пинҳон дорад, сабаде аз қамиш барои ӯ гирифт, ва онро бо қир ва зифт андовид, ва бачаро дар он монд, ва онро дар қамишзори лаби наҳр гузошт.
Ва ба якдигар гуфтанд: «Биёед, хишт резем, ва онро дар дош пазем». Ва онҳоро хишт ба ҷои санг буд, ва қир ба ҷои гил.
Ва водии Сиддим пур аз чоҳҳои қир буд; ва подшоҳони Садӯм ва Амӯро рӯй ба гурез оварда, ба он ҷо афтоданд; ва боқимондагон ба кӯҳистон гурехтанд.
Барои худ киштие аз чӯби ҷӯфар бисоз; лонаҳо дар киштӣ бино кун, ва онро аз дарун ва аз берун қир бимол.
Ва фиръавн ба тамоми қавми худ амр фармуда, гуфт: «Ҳар писареро, ки таваллуд ёбад, ба наҳр андозед, ва ҳар духтарро зинда нигоҳ доред».
Ва элчиёнашро бо роҳи баҳр, ва дар киштиҳои бардӣ бар рӯи об мефиристад! Эй қосидони тезрав, биравед назди халқи қоматбаланд ва ранги пӯсташон мисгун, назди қавме ки барои муҳити атрофи наздик ва дур саҳмгин ҳастанд, яъне халқи пурқувват ва шикастоваре ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад.
Ва наҳрҳо гандида, ҷӯйҳои Миср камоб ва хароб хоҳад шуд; най ва қамиш хушк хоҳад гардид.
Ва сароб ба кӯл табдил хоҳад ёфт, ва хушкӣ — ба чашмаҳои об; дар маскане ки шағолон мехобанд, маконе барои най ва қамиш хоҳад буд.
Вақте ки онҳо баромада рафтанд, фариштаи Худованд дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, гуфт: «Бархез ва Кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср фирор кун ва дар он ҷо бош, то вақте ки ба ту гӯям; зеро ки Ҳиродус Кӯдакро ҷустуҷӯ хоҳад намуд, то ки Ӯро нобуд кунад».
Чун Ҳиродус дид, ки мунаҷҷимон ӯро фиреб доданд, бисьёр хашмгин шуд ва фиристода, ҳамаи кӯдаконро дар Байт‐Лаҳм ва тамоми ҳудуди он, мувофиқи вақте ки аз мунаҷҷимон фаҳмида гирифта буд, аз дусола ва камтар ба қатл расонд.
Ӯ бар зидди нажоди мо найрангбозӣ карда, падарони моро ба танг овард ва амр фармуд, ки кӯдакони навзоди худро бароварда партоянд, то ки зинда намонанд.