3 Ва ба набия наздикӣ кардам, ва ӯ ҳомила шуда, писаре зоид; ва Худованд ба ман гуфт: «Номи ӯро чунин бихон: Маҳер‐шолол‐ҳош‐баз;
Ва Ҳилқиёи коҳин ва Аҳиқом ва Акбӯр ва Шофон ва Асоё назди Ҳулдои набия, зани Шаллум ибни Тиқво ибни Ҳарҳаси муҳофизи либосҳо, ки ӯ дар Ерусалим, дар маҳаллаи дуюми он сукунат дошт, рафтанд, ва бо ӯ гуфтугӯ карданд.
Ва Худованд ба ман гуфт: «Варақи калоне барои худ бигир, ва бар он бо хати маъмул бинавис: „Маҳер шолол, ҳош баз“».
Ва фардои он Пашҳур Ирмиёро аз шиканҷагоҳ баровард, ва Ирмиё ба вай гуфт: «Худованд номи туро Пашҳур не, балки Магӯр‐Мисавив хондааст.
Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд.