Ва подшоҳи Ашшур Тартон ва Рабсорис ва Рабшоқеро бо қӯшуни бузурге аз Локиш назди подшоҳ Ҳизқиё фиристод, ва онҳо баромада, ба Ерусалим расиданд; ва баромада, расиданд ва назди ҷӯи ҳавзи боло, ки ба сари роҳи саҳрои козар буд, истоданд.
Ва бақияи аъмоли Ҳизқиё, ва тамоми корнамоии ӯ, ва ҳавз ва корез канданаш, ва обро ба шаҳр оварданаш дар китоби вақоеъномаи подшоҳони Яҳудо навишта шудааст.
Аз паси ӯ Наҳемьё ибни Азбуқ, ки сарвари нисфи ноҳияи Байт‐Сур буд, то рӯ ба рӯи қабрҳои Довуд, ва то ҳавзи сунъӣ, ва то Хонаи паҳлавонон таъмир намуд.
Ва агар даҳьяке дар он боз бимонад, бори дигар он низ хонавайрон хоҳад шуд; чунон ки аз дарахти писта ва аз дарахти булут пас аз буридан решаи онҳо боқӣ мемонад, ончунон насли муқаддас решаи он хоҳад буд».