Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 4:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Вақте ки Худованд наҷосати духтарони Сионро бишӯяд, ва хуни Ерусалимро бо рӯҳи доварӣ ва бо рӯҳи сӯзон аз даруни он дур кунад,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 4:4
29 Iomraidhean Croise  

Вақте ки Дӯэги Адӯмӣ омада, ба Шоул хабар дода гуфт, ки Довуд ба хонаи Аҳималик омадааст.


Эй духтарони Сион! Берун оед ва Сулаймони подшоҳро бубинед, бо тоҷе ки модараш дар рӯзи тӯи арӯсии ӯ, ва дар рӯзи шодмонии дили ӯ бар сари ӯ ниҳодааст.


Ва ҳангоме ки дастҳои худро дароз мекунед, чашмони Худро аз шумо мепӯшам; дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст.


Ва дасти Худро бар ту хоҳам баргардонид, ва ғашши туро чун дар ишқор тоза хоҳам кард, ва тамоми нопокии туро дур хоҳам сохт.


Ва зӯровар ба пӯстлохи катон, ва амалаш ба шарорае мубаддал хоҳад шуд, ва ҳар дуяшон якҷоя хоҳанд сӯхт, ва оташкуше нахоҳад буд.


Пас, гуноҳи Яъқуб ба ин восита кафорат хоҳад шуд, ва тамоми самари дафъи хатои вай ҳамин хоҳад буд, ки вай ҳамаи сангҳои қурбонгоҳҳоро мисли сангҳои оҳаки шукуфта хоҳад гардонид, то ки бутҳои Ашера ва Ҳамон дигар барпо нашавад.


Ва рӯҳи адлу инсоф барои онҳое ки бар курсии доварӣ менишинанд, ва қудрат барои онҳое ки ҷангро сӯи дарвоза бармегардонанд.


Аз ғазаби Худованди лашкарҳо замин сӯхта сиёҳ шудааст, ва қавм гӯё ки тӯъмаи оташ гардидаанд: касе ба бародари худ раҳм намекунад.


Зеро ки тамоми пойафзоли пурсадои сарбозон ва тамоми либоси оғуштаи хун сӯхта, тӯъмаи оташ хоҳад шуд.


«Маскани ту андаруни макр аст; аз боиси макр намехоҳанд Маро бишносанд», мегӯяд Худованд.


Наҷосати вай бар домани вай буд, лекин ояндаи худро ба ёд намеовард; бинобар ин ба таври хайратангез ба залолат афтодааст, ва тасаллидиҳандае барои вай нест. «Худовандо! Мазаллати маро бубин, зеро ки душман мутакаббир шудааст».


Ва туро дар миёни халқҳо пароканда ва дар кишварҳо парешон хоҳам намуд, ва қабоҳати туро аз ту нест хоҳам кард.


Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.


Ва шуморо аз ҳамаи палидиҳои шумо наҷот хоҳам дод; ва ғалладонаро хонда, онро фаровон хоҳам гардонид, ва шуморо ба қаҳтӣ гирифтор нахоҳам кард.


Ва Ман интиқоми хуни онҳоро, ки ҳанӯз нагирифтаам, хоҳам гирифт, ва Худованд дар Сион сукунат хоҳад дошт».


Вой ба ҳоли шаҳри палид ва наҷиси ситампеша!


Дар он рӯз барои хонадони Довуд ва сокинони Ерусалим чашмае аз баҳри шустани гуноҳ ва наҷосат кушода хоҳад шуд.


Ва ин ҳиссаи сеюмро ба оташ дохил хоҳам кард, ва онҳо ро мисли гудозиши нуқра хоҳам гудохт, ва мисли санҷиши тилло хоҳам санҷид; онҳо исми Маро хоҳанд хонд, ва Ман онҳоро иҷобат намуда, хоҳам гуфт: „Ӯ қавми Ман аст!“ Ва ӯ хоҳад гуфт: „Худованд Худои ман аст!“»


Зеро инак, рӯзе ки мисли танӯр фурӯзон аст, меояд; ва ҳамаи ноинсофон ва ҳамаи бадкорон мисли хас хоҳанд буд, ва он рӯзе ки меояд, онҳоро хоҳад сӯзонид, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ба тавре ки барои онҳо решае ва шохае боқӣ нахоҳад гузошт.


Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan