Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 4:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Дар он рӯз навдаи Худованд шукӯҳ ва ҷалол, ва меваи замин барои бақияи Исроил кибриё ва шавкат хоҳад буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 4:2
40 Iomraidhean Croise  

Падари ятимон ва довари бевазанон аст Худо дар маскани қудси Худ.


Ва фикру хаёл кардам, то ки инро бифаҳмам; ин дар назарам заҳмат буд,


Ва либосҳои муқаддас барои бародарат Ҳорун, аз баҳри иззат ва шукӯҳ бисоз.


Балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд; ва бо чӯбдасти даҳонаш заминро зарба хоҳад зад, ва бо дами лабҳояш шарирро хоҳад кушт.


Дар он рӯз ин суруд дар замини Яҳудо сароида хоҳад шуд: «Мо шаҳри мустаҳкаме дорем; Ӯ наҷотро чун ҳисор ва садд ба вуҷуд овардааст.


Дар рӯзҳои оянда Яъқуб реша хоҳад давонд, Исроил муғча ва шукуфа хоҳад кард; ва рӯи дуньё аз мева пур хоҳад шуд.


Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.


Эй афлок! Аз боло биборон, то ки абрҳо адлу инсофро фурӯ резад. Бигзор замин рӯи худро бикшояд, то ки наҷотро ба миён оварад, ва адлу инсоф бо он нумӯ кунад. Ман — Худованд инро офаридаам».


Ӯ мисли навдае ба ҳузури Худованд рӯидааст, ва мисли решае аз замини хушк; Ӯро на симое буд, на ҷамоле, то ҳавас кунем, ки ба Ӯ назар андозем; ва на намуде буд, то муштоқи дидораш гардем.


Дар ивази он ки ту матрук ва манфур будӣ, ва касе аз ту гузар намекард, Ман туро ифтихори ҷовидонӣ, шодии наслҳои зиёд хоҳам гардонид.


Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд, ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд; онҳо ниҳоли шинондаи Ман, амали дастҳои Ман ҳастанд, то ки ҷалол ёбам.


Зеро, чунон ки замин набототи худро мерӯёнад, ва чунон ки боғ тухмҳои дар он кошташударо месабзонад, ончунон Худованд Худо адолат ва ҷалолро пеши ҳамаи халқҳо нумӯ хоҳад дод.


Инак, айёме фаро мерасад, — мегӯяд Худованд, — ки Ман Шохаи одиле барои Довуд барқарор хоҳам намуд, ва Подшоҳе салтанат хоҳад ронд, ва хирадмандона рафтор хоҳад намуд, ва инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.


Дар он айём ва дар он замон Ман Шохаи одиле барои Довуд хоҳам рӯёнид, ва Ӯ инсофу адолатро дар замин ба амал хоҳад овард.


Ва аз бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср меоянд, то дар он ҷо сокин шаванд, ҳеҷ яке боқӣ нахоҳад монд ва раҳо нахоҳад шуд, то ба замини Яҳудо баргардад, ба замине ки ҷонашон орзуманди баргаштан ва дар он ҷо сокин шудан аст; зеро ҳеҷ яке нахоҳад баргашт, ғайр аз онҳое ки хоҳанд гурехт».


Фақат адади каме аз шамшер раҳо шуда, аз замини Миср ба замини Яҳудо хоҳанд баргашт, ва тамоми бақияи Яҳудо, ки ба замини Миср омадаанд, то дар он ҷо сокин шаванд, хоҳанд донист, ки каломи кӣ ба амал хоҳад омад: аз они Ман ё аз они онҳо.


Ва барои онҳо боғистони номие барпо хоҳам кард, ва дигар дар ин замин аз қаҳтӣ нобуд нахоҳанд шуд, ва дигар бори нанги халқҳоро нахоҳанд бардошт.


Ва шумо, эй кӯҳҳои Исроил, шохаҳои худро хоҳед рӯёнид ва меваҳои худро барои қавми Ман — Исроил — хоҳед овард, зеро ки онҳо ба қарибӣ хоҳанд омад.


Растагорони онҳо хоҳанд гурехт, ва бар кӯҳҳо мисли кабӯтарони дараҳо хоҳанд буд; ҳар яке аз онҳо ба сабаби гуноҳи худ оҳу нола хоҳанд кард.


Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт, зеро ки дар кӯҳи Сион ва дар Ерусалим, чунон ки Худованд гуфтааст, наҷотьёфтагон хоҳанд буд, ва дар миёни боқимондагон касоне ки Худованд онҳоро хондааст.


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, ки аз кӯҳҳо оби ангур хоҳад чакид, ва бар талҳо шир ҷорӣ хоҳад шуд, ва ҳамаи рӯдхонаҳои Яҳудо пуроб хоҳанд гардид, ва чашмае аз хонаи Худованд берун омада, водии Шиттимро сероб хоҳад кард.


Вале бар кӯҳи Сион наҷот хоҳад буд, ва он муқаддас хоҳад шуд; ва хонадони Яъқуб мероси худро тасарруф хоҳанд кард.


Пас бишнав, эй Еҳушаи саркоҳин, ту ва ёронат, ки ба ҳузури ту нишастаанд, зеро ки онҳо мардони хуҷаста ҳастанд: инак, Ман бандаи Худ — Навдаро хоҳам овард.


Ва ба ӯ сухан ронда, бигӯй: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак марде ки Навда ном дорад, ва аз решааш хоҳад рӯид, ва қасри Худовандро бино хоҳад кард.


Зеро чӣ гуна азим аст ҳусни ӯ ва зебоии ӯ! Гандум ба ҷавонписарон ва шираи ангур ба ҷавондухтарон нашъунамо хоҳад бахшид.


«Ва онҳо, мегӯяд Худованди лашкарҳо, дар он рӯзе ки Ман амал намоям, барои Ман ганҷи гузин хоҳанд буд, ва Ман ба онҳо раҳм хоҳам намуд, чунон ки одам ба писари худ, ки барои ӯ хизмат мекунад, раҳм менамояд.


Ва агар он айём кӯтоҳ намешуд, ҳеҷ касе наҷот намеёфт; лекин аз барои баргузидагон он айём кӯтоҳ хоҳад шуд.


Пас, ҳама вақт бедор бошед ва дуо гӯед, то ки сазовор бошед аз ҳамаи ин мусибатҳои оянда раҳо шавед ва дар пеши Писари Одам биистед».


Ва Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо сокин шуд, пур аз файз ва ростӣ; ва мо ҷалоли Ӯро дидем, ки ҷалоли шоистаи Писари ягонаи Падар аст.


Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.


Зеро, ҳангоме ки мо қувват ва омадани Худованди мо Исои Масеҳро ба шумо хабар додем, аз паи афсонаҳои фиребгарона нарафтаем, балки кибриёи Ӯро бо чашми худ дидаем.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan