3 Ва чашмони бинандагон пӯшида нахоҳад шуд, ва гӯшҳои шунавандагон самъ хоҳад намуд.
Ва дар он рӯз карон суханони китобро хоҳанд шунид, ва чашмони кӯрон аз даруни торикӣ ва зулмот хоҳад дид.
Ва онҳое ки рӯҳашон гумроҳ аст, аз хирад воқиф хоҳанд шуд, ва норизоён дарси ибрат хоҳанд омӯхт».
Ва дар рӯзе ки Худованд ҷароҳати қавми Худро бибандад ва захмҳои онҳоро шифо диҳад, рӯшноии моҳ мисли рӯшноии офтоб хоҳад шуд, ва рӯшноии офтоб ҳафтчандон, мисли рӯшноии ҳафт рӯз хоҳад буд.
Ва кӯронро бо роҳе ки намедонанд, хоҳам бурд; онҳоро бо тариқҳое ки балад нестанд, ҳидоят хоҳам намуд; торикиро пеши онҳо ба рӯшноӣ, ва каҷукилебиҳоро ба роҳи рост табдил хоҳам дод. Ин корҳоро Ман барояшон ба ҷо хоҳам овард, ва онҳоро тарк нахоҳам кард.
Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.
Ва касе ба ёри худ ва касе ба бародари худ дигар таълим дода нахоҳад гуфт: „Худовандро бишносед“, зеро ки ҳамаашон, аз хурд то калон, Маро хоҳанд шинохт, — мегӯяд Худованд, — чунки Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард».
Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;
Ва бағоят ҳайрон монда, мегуфтанд: «Ҳар корро нағз мекунад: карҳоро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад».
То ки чашмони онҳоро воз кунӣ, ва онҳо аз зулмот ба рӯшноӣ бароянд ва аз чанголи шайтон раҳо шуда, ба Худо руҷӯъ намоянд ва ба василаи имоне ки ба Ман меоваранд, омурзиши гуноҳҳо ва насибе дар миёни муқаддасон пайдо кунанд“.
Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад.