Ва ту аз миёни тамоми қавм мардони ҳалолкор, худотарс, мардони росткори аз тамаъ нафратдоштаро баргузида, бар онҳо таъин намо, то ки мириҳазорҳо, мирисадҳо, мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо бошанд,
Ва Мусо ба Худованд гуфт: «Лутфан, эй Худованд! Ман шахси сухандон нестам, на аз дирӯз, на аз парирӯз, на аз вақте ки Ту ба бандаи Худ сухан гуфтӣ, зеро ки ман тутила ва сақав ҳастам».
Ва ман сардорони сибтҳои шуморо, ки мардони ҳаким ва номдор буданд, гирифтам, ва онҳоро бар шумо таъин намудам, то ки мириҳазорҳо ва мирисадҳо ва мирипанҷоҳҳо ва миридаҳҳо ва нозирони сибтҳои шумо бошанд.
Ва ба Забаҳ ва Салмуноъ гуфт: «Онҳое ки шумо дар Тобӯр куштед, чӣ гуна одамон буданд?» Ва гуфтанд: «Онҳо мисли ту буданд, ҳар яке намуди шоҳзодаро дошт».
Ва аз онҳо барои худ мириҳазорҳо ва мирипанҷоҳҳо таъин хоҳад намуд; ва баъзеро ба рондани киштзораш, ба даравидани ҳосилоташ ва ба сохтани олоти ҷангаш ва асбоби аробаҳояш хоҳад баргумошт.