Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 26:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил нигоҳ медорӣ, зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 26:3
34 Iomraidhean Croise  

Ва бар зидди инҳо кӯмак гирифтанд, ва ҳоҷариён ва ҳамаи ҳамроҳонашон ба дасти онҳо таслим гардиданд, зеро ки онҳо дар вақти ҷанг ба Худо истиғоса бурданд, ва Ӯ истиғосаи онҳоро иҷобат намуд, чунки ба Ӯ таваккал карданд.


Ва банӣ‐Исроил он вақт мағлуб шуданд, ва банӣ‐Яҳудо ғолиб омаданд, зеро ки ба Худованд Худои падарони худ таваккал карданд.


Ҳабашиён ва лубиён, охир, соҳиби лашкари бузурге буда, аробаҳо ва саворагони бағоят зиёде доштанд, вале азбаски ту ба Худованд таваккал кардӣ, Ӯ онҳоро ба дасти ту супурд.


Суруди сууд. Вақте ки Худованд асирони Сионро баргардонд, мисли хоббинандагон будем.


Ва Худованд паноҳгоҳи мазлумон хоҳад буд, паноҳгоҳ дар лаҳзаҳои тангӣ.


Инак, Худо наҷоти ман аст: ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам, зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост, ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».


Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо; зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо ба амал овардаӣ.


Магар ки вай ба қуввати Ман рӯи паноҳ оварда, бо Ман сулҳ мекард: пас бигзор бо Ман сулҳ кунад.


Эй вой бар онҳое ки барои мадад ба Миср фурӯд меоянд, ва бар аспон такья менамоянд, ва бар аробаҳо ба сабаби бисьёрии онҳо, ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо таваккал мекунанд, валекин ба Қуддуси Исроил рӯ намеоваранд, ва аз Худованд дархост намекунанд!


Ва натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд, ва самари адолат — оромӣ ва амният то абад.


Ва қавми ман дар макони сулҳу осоиштагӣ, ва дар масканҳои амният, ва дар оромгоҳҳои сафобахш ҷойгир хоҳанд шуд.


Кист, ки мисли бандаи Ман кӯр бошад? Ва мисли элчии Ман, ки Ман мефиристам, кар бошад? Кист, ки мисли мусаллами Ман кӯр бошад? Ва мисли бандаи Худованд кӯр бошад?


«Ман, ки Худованд ҳастам, Туро барои адолат даъват намудаам, ва дасти Туро хоҳам гирифт, ва Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро аҳди қавм ва нури халқҳо хоҳам гардонид,


Зеро онҳо, ки худро аз фуқарои шаҳри муқаддас мехонанд, бар Худои Исроил эътимод менамоянд; исми Ӯ Худованди лашкарҳост.


Худованд чунин мегӯяд: «Дар ҳини марҳамат Туро иҷобат намудаам, ва дар рӯзи наҷот Туро ёварӣ додаам, ва Туро нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро қавми аҳд хоҳам гардонид, то ки заминро аз нав барқарор намоям ва меросҳои валангоршударо ба ворисон баргардонам,


Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.


Кист аз шумо, ки аз Худованд метарсад ва ба овози Бандаи Ӯ гӯш медиҳад? Ҳар касе ки дар торикӣ қадамгузор буда, рӯшноӣ надошта бошад, бигзор ба исми Худованд таваккал намояд ва ба Худои худ такья кунад.


Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: «Инак, Ман осоиштагиро мисли наҳр, ва ҷалоли халқҳоро мисли селоби саршор сӯи он равона мекунам, ва шумо ғизо хоҳед гирифт; дар канор гирифта хоҳед шуд, ва бар зонуҳо навозиш хоҳед ёфт.


Зеро ки туро ҳатман халосӣ хоҳам дод, ва ту ба дами шамшер нахоҳӣ афтод, ва ҷонат барои ту ғанимат хоҳад гардид, чунки ту ба Ман таваккал кардӣ, — мегӯяд Худованд“».


Моро Худое ҳаст, ки Ӯро ибодат менамоем, ва Ӯ қодир аст моро аз кӯраи оташи сӯзон бираҳонад, ва аз дасти ту, эй подшоҳ, низ раҳо хоҳад кард.


Набукаднесар хитоб намуда, гуфт: «Муборак аст Худои Шадрак, Мешак ва Абднаҷу, ки фариштаи Худро фиристода, бандагони Худро наҷот додааст, ки онҳо ба Ӯ таваккал доштанд, ва ба фармони подшоҳ муқобилият намуданд, ва баданҳои худро нисор карданд, то ки ба ҳеҷ худои дигар, ҷуз Худои худашон, ибодат ва саҷда нанамоянд.


Он гоҳ подшоҳ бағоят шод шуда, амр фармуд, ки Дониёлро аз чоҳ берун оваранд; ва Дониёлро аз чоҳ берун оварданд, дар ҳолате ки ба ӯ ҳеҷ осебе нарасида буд, зеро ки ӯ ба Худои худ имон дошт.


Ва ин сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд. Вақте ки Ашшур ба замини мо омада, қасрҳои моро поймол кунад, ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳокими қавмро бар зидди вай хоҳем бархезонид.


Осоиштагиро ба шумо боқӣ мегузорам, осоиштагии Худро ба шумо медиҳам: на ончунон ки ҷаҳон медиҳад, Ман ба шумо медиҳам. Дили шумо музтариб нашавад ва ҳаросон набошад.


Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам».


Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем,


Ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо дар Исои Масеҳ нигоҳ хоҳад дошт.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan