Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 26:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Дарвозаҳоро бикшоед, то халқи одиле ки имонашонро нигоҳ медоранд, ворид шаванд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 26:2
25 Iomraidhean Croise  

Гурусна ва ташна монданд, ҷонашон андарунашон аз ҳол рафт.


Ман дар замин ғариб ҳастам; аҳкоми Худро аз ман пинҳон надор.


Ҷонам ба лаб омадааст аз орзуи он ки довариҳои Туро дар ҳар вақт бидонад.


Хатоҳои ҷавонӣ ва ҷиноятҳои маро ба ёд наор; аз рӯи эҳсони Худ Ту маро ёд кун, ба хотири меҳрубонии Худ, эй Худованд!


Ва шумо барои Ман мамлакати коҳинон ва халқи муқаддас хоҳед буд. Ин аст суханоне ки ту бояд ба банӣ‐Исроил бигӯӣ».


Тамоми насли Исроил дар Худованд сафед хоҳанд шуд ва ҷалол хоҳанд ёфт.


Бар адолат асос хоҳӣ ёфт; аз ситам дур хоҳӣ буд, зеро ки нахоҳӣ тарсид, ва аз даҳшат, — зеро ки он ба ту наздик нахоҳад шуд.


Ҳар олате ки бар зидди ту сохта шавад, муваффақият нахоҳад ёфт; ва ҳар забонеро, ки бар зидди ту ба мурофиа бархезад, айбдор хоҳӣ кард. Ин аст насибаи бандагони Худованд, ва сафед кардани онҳо аз ҷониби Ман аст», — мегӯяд Худованд.


Он гоҳ нури ту мисли шафақ ҷило хоҳад дод, ва шифои ту ба зудӣ фаро хоҳад расид, ва адолати ту пешопеши ту хоҳад рафт, ва ҷалоли Худованд соқаи ту хоҳад буд.


Ва дарвозаҳои ту ҳамеша воз хоҳад буд, рӯз ва шаб баста нахоҳад шуд, то ки дороии халқҳоро назди ту биёранд, ва подшоҳони онҳо низ оварда шаванд.


Зулм дар замини ту, тороҷу шикаст дар ҳудуди ту дигар шунида нахоҳад шуд; ва ҳисорҳои худро наҷот, ва дарвозаҳои худро ҷалол хоҳӣ номид.


Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд, ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд; онҳо ниҳоли шинондаи Ман, амали дастҳои Ман ҳастанд, то ки ҷалол ёбам.


Мотамзадагони Сионро ато намуда, ба онҳо афсаре ба ҷои хокистар бидиҳам, ва равғани шодмонӣ — ба ҷои мотам, ва ридои ҷалол — ба ҷои рӯҳи андӯҳгин; ва онҳо дарахтони адолат номида хоҳанд шуд, ки Худованд барои ҷалоли Худ шинондааст.


Ба хотири Сион сукут нахоҳам кард, ва ба хотири Ерусалим хомӯш нахоҳам монд, то даме ки адолати он мисли нур тулӯъ намояд, ва наҷоти он — мисли машъали фурӯзон.


Аз дарвозаҳо бигзаред, бигзаред! Роҳи қавмро тайёр кунед! Ҷоддаро ҳамвор кунед, ҳамвор кунед! Аз сангҳо тоза кунед! Барои қавм ливо бардоред!


Ва халқҳо адолати туро, ва ҳамаи подшоҳон ҷалоли туро хоҳанд дид, ва ту бо исми наве ки даҳони Худованд онро муқаррар менамояд, хонда хоҳӣ шуд.


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: боз айёме фаро хоҳад расид, ки қавмҳо ва сокинони шаҳрҳои бисьёр хоҳанд омад;


Худоро ҳамду сано мехонданд ва дар миёни тамоми мардум меҳру муҳаббат пайдо мекарданд, ва Худованд ҳар рӯз касонеро, ки наҷот меёфтанд, ба аҳли калисо меафзуд.


Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —


Лекин мо, мувофиқи ваъдаи Ӯ, мунтазири осмони нав ва замини нав ҳастем, ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд.


Эй маҳбубон! Азбаски ҷидду ҷаҳди комил дорам ба шумо дар бораи наҷоти муштараки мо бинависам, зарур донистам ба шумо насиҳате нависам, то шумо дар роҳи имоне ки як бор ба муқаддасон супурда шуд, ҷадал намоед.


Ва ҳалқҳои ҷаҳон дар рӯшноии вай роҳ ҳоҳанд рафт, ва подшоҳони замин ҷалол ва шавкати худро ба вай ҳоҳанд овард.


Ва суруди наве хонда, мегӯянд: «Ту сазовори он ҳастӣ, ки китобро воз кунӣ ва мӯҳрҳоро аз он бардорӣ; зеро ки Ту забҳ шудӣ ва бо Хуни Худ моро барои Худо аз ҳар сибт ва забон ва қавм ва қабила харидӣ,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan