Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 2:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 2:3
39 Iomraidhean Croise  

Яҳудиён қарор доданд ва ба зиммаи худ ва насли худ ва ҳамаи касоне ки ба онҳо ҳамроҳ мешаванд, ба таври мансухнопазир гирифтанд, ки он ду рӯзро бар тибқи он чи дар бораи онҳо навишта шудааст, ва бар тибқи замоне ки барои онҳо таъин гардидааст, ҳар сол ид кунанд,


Аъмоли Худованд бузург аст; матлуб аст барои ҳамаи шавқмандони он.


Суруди сууд. Сӯи Ту чашмонамро менигаронам, эй, ки бар осмонҳо нишастаӣ!


Барои сардори муғанниён. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ.


Ва доварони туро мисли пештара ва мушовирони туро мисли аввала хоҳам баргардонид; пас аз он ту „Шаҳри адолат, пойтахти амин“ хонда хоҳӣ шуд».


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард, ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.


Дар он рӯз шоҳроҳе аз Миср ба Ашшур хоҳад буд, ва ашшуриён ба Миср, ва мисриён ба Ашшур хоҳанд рафт; ва мисриён бо ашшуриён Худовандро ибодат хоҳанд кард.


«Вай донишро ба кӣ меомӯзад? Ва пайғомро ба кӣ мефаҳмонад? Оё ба онҳое ки аз шир бароварда ва аз пистон ҷудо карда шудаанд?


Яке хоҳад гуфт: „Ман аз они Худованд ҳастам“; ва дигаре худро ба номи Яъқуб хоҳад хонд; ва дигаре бо дасти худ хоҳад навишт: „Аз они Худованд ҳастам“, ва номи Исроилро лақаби худ хоҳад сохт».


Ба онҳо дар хонаи Худ ва андаруни деворҳои Худ ёдгорӣ ва исме беҳтар аз писарон ва духтарон хоҳам дод; исми ҷовидоние ки маҳвнопазир аст, ба онҳо хоҳам дод.


Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард, ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард; қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд, зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд».


Ва халқҳо сӯи нури ту, ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.


Валекин шумо, ки Худовандро тарк карда, кӯҳи муқаддаси Маро аз хотир баровардаед, барои Ҷод суфра ороста менамоед, ва барои Манот косаҳоро аз машруботи дорувордор пур мекунед, —


Ва ҳамаи бародарони шуморо аз ҷониби ҳамаи халқҳо бар аспон ва аробаҳо ва тахтҳои равон, ва бар хачирон ва шутурони бидав ба кӯҳи муқаддаси Ман — Ерусалим — барои Худованд ҳадия хоҳанд овард, — мегӯяд Худованд, — мисли он ки банӣ‐Исроил ҳадияро ба хонаи Худованд дар зарфи пок меоваранд.


Ва агар онҳо роҳҳои қавми Маро ба хубӣ таълим гирифта, ба исми Ман, яъне „ба ҳаёти Худованд“ гӯён қасам ёд кунанд, — чунон ки онҳо ба қавми Ман таълим дода буданд, ки ба Баал қасам ёд кунанд, — дар он сурат онҳо дар миёни қавми Ман ҷойгир хоҳанд шуд.


«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.


Зеро рӯзе фаро хоҳад расид, ки дидбонон бар кӯҳи Эфроим нидо хоҳанд кард: „Бархезед ва назди Худованд Худои худ ба Сион бароем!“»


Дар рӯъёҳои Худо маро ба замини Исроил овард, ва маро бар кӯҳи бағоят баланде гузошт, ки бар он аз ҷануб мисли биноҳои шаҳр намоён буд.


Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.


Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».


Ва халқҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ва ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо бо роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро ки шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.


Пас, ҳар кӣ ин суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ӯро ба марди оқиле монанд мекунам, ки хонаи худро бар санг бино кард;


Лекин Ӯ гуфт: «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд».


Ва ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо мавъиза карда шавад;


Шумо он чиро, ки намедонед, парастиш мекунед, вале мо он чиро, ки медонем, парастиш мекунем, зеро ки наҷот аз яҳудиён аст;


Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям.


Аммо вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад, қувват хоҳед ёфт ва дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дуньё шоҳидони Ман хоҳед буд».


Дарҳол назди ту фиристодам, ва ту ҳуб кардӣ, ки омадӣ; алҳол ҳамаамон дар ҳузури Худо ҳозирем, то ҳар он чиро, ки Худо ба ту фармудааст, бишнавем».


Аммо мегӯям: оё онҳо нашунидаанд? Баръакс: «Садои онҳо дар тамоми замин паҳн шуд, ва каломашон то ақсои дуньё расид».


Онҳо қавмҳоро ба кӯҳ даъват менамоянд, дар он ҷо қурбониҳои ҳаққонӣ тақдим мекунанд; зеро ки аз сарвати баҳрҳо истифода мебаранд, ва аз ганҷҳое ки дар рег ниҳон аст».


Ва ин аст аҳком, фароиз ва дастуроте ки Худованд Худои шумо амр фармуд, ки ба шумо таълим диҳам, то онҳоро дар замине ки барои тасарруф кардани он ба он ҷо убур менамоед, ба амал оваред,


Аммо касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад, дар ҳолате ки на шунавандаи фаромӯшҳотир, балки иҷрокунандаи кор мебошад, — хушо он кас дар амали ҳуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan