Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 2:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва дар айёми охир воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз теппаҳо баланд хоҳад шуд, ва ҳамаи халқҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 2:2
56 Iomraidhean Croise  

Ва Яъқуб писарони худро даъват намуда, гуфт: «Ҷамъ шавед, ва ман шуморо аз он чи дар оянда ба шумо воқеъ хоҳад шуд, хабар медиҳам.


Ва ман медонам, ки фидиягузори ман зинда аст, ва дар замони охир бар замин қиём хоҳад кард.


Аз Ман талаб намо, ва қавмҳоро ба мероси Ту, ва ақсои заминро ба тасарруфи Ту хоҳам дод.


Инро бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо! Гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони дуньё!


Маро иҷобат намо, эй Худованд, зеро ки эҳсони Ту некӯст; аз рӯи фаровонии марҳаматҳои Худ бар ман таваҷҷӯҳ намо.


Тамасхур мекунанд ва бо адоват гап мезананд; бо ҳавобаландӣ суханони ситамкорона мегӯянд.


Суруд. Таронаи банӣ‐Қӯраҳ. Барои сардори муғанниён бар сози маҳалат барои сароидан. Суруди таълимии Ҳеймони Эзроҳӣ.


Худовандо, Худои наҷоти ман! Рӯзона фарьёд мекашам, шабона пеши Ту ҳастам.


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард, ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.


Ва Худованди лашкарҳо бар ин кӯҳ барои ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин, базме аз шаробҳои кӯҳна — аз таомҳои равғанини болаззат ва аз шаробҳои кӯҳнаи мусаффо — хоҳад орост;


Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд, ки шохи бузурге хоҳад навохт, ва гумшудагони замини Ашшур ва рондашудагони замини Миср хоҳанд омад, ва бар кӯҳи муқаддас, ки дар Ерусалим воқеъ аст, ба Худованд саҷда хоҳанд кард.


Он гоҳ шумо мисли шаби тақдиси ид сурудгӯӣ хоҳед кард, ва дилшодии шумо мисли касоне хоҳад буд, ки бо найнавозӣ мераванд, то ба кӯҳи Худованд, назди сахраи Исроил биёянд.


Ва Ӯ мегӯяд: «Азбаски Ту бандаи Ман хоҳӣ буд, чизи саҳл аст, ки сибтҳои Яъқубро аз нав барқарор намоям ва бақияҳои Исроилро баргардонам, балки ҳамчунин Туро нури халқҳо хоҳам гардонид, то ки наҷоти Ман то ақсои замин бирасад».


Ба онҳо дар хонаи Худ ва андаруни деворҳои Худ ёдгорӣ ва исме беҳтар аз писарон ва духтарон хоҳам дод; исми ҷовидоние ки маҳвнопазир аст, ба онҳо хоҳам дод.


Онҳоро Ман ба кӯҳи муқаддаси Худ хоҳам овард, ва онҳоро дар хонаи ибодати Худ шод хоҳам кард; қурбониҳои сӯхтанӣ ва забҳҳои онҳо бар қурбонгоҳи Ман мақбул хоҳад буд, зеро ки хонаи Ман хонаи ибодат барои ҳамаи қавмҳо хонда хоҳад шуд».


Ва халқҳо сӯи нури ту, ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.


Валекин шумо, ки Худовандро тарк карда, кӯҳи муқаддаси Маро аз хотир баровардаед, барои Ҷод суфра ороста менамоед, ва барои Манот косаҳоро аз машруботи дорувордор пур мекунед, —


Ва ҳамаи бародарони шуморо аз ҷониби ҳамаи халқҳо бар аспон ва аробаҳо ва тахтҳои равон, ва бар хачирон ва шутурони бидав ба кӯҳи муқаддаси Ман — Ерусалим — барои Худованд ҳадия хоҳанд овард, — мегӯяд Худованд, — мисли он ки банӣ‐Исроил ҳадияро ба хонаи Худованд дар зарфи пок меоваранд.


Ва воқеъ хоҳад шуд, ки дар ҳар навмоҳ ва дар ҳар шанбе ҳар башар хоҳад омад, то ки ба ҳузури Ман саҷда кунад, — мегӯяд Худованд.


«Худовандо! Ту қуввати ман ва муттакои ман ва паноҳгоҳи ман дар рӯзи тангӣ ҳастӣ! Назди Ту халқҳо аз ақсои замин омада, хоҳанд гуфт: „Падарони мо фақат чизҳои дурӯғ ва ҳеҷу пучро, ки манфиате аз онҳо нест, мерос гирифтаанд“.


Оташи ғазаби Худованд, то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст; дар оянда шумо инро ба хубӣ фаҳм хоҳед кард.


«Михои Мӯраштӣ дар айёми Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо нубувват кард ва ба тамоми қавми Яҳудо хитоб намуда, гуфт: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: Сион мисли саҳро шудгор карда хоҳад шуд, ва Ерусалим ба харобазор табдил хоҳад ёфт, ва кӯҳи хонаи Худованд — ба теппаҳои дарахтзор“.


Дар он замон Ерусалимро тахти Худованд хоҳанд номид, ва ҳамаи халқҳо ба хотири исми Худованд дар он ҷо, дар Ерусалим ҷамъ хоҳанд шуд, ва дигар саркашии дилҳои шарири худро пайравӣ нахоҳанд кард.


Оташи ғазаби Худованд, то Ӯ муродоти дили Худро ба амал наоварад ва иҷро накунад, фурӯ нахоҳад нишаст; дар оянда шумо инро фаҳм хоҳед кард.


Ва онҳо омада, бар баландии Сион тараннум хоҳанд кард; ва сӯи неъмати Худованд: сӯи гандум ва шароб ва равғани зайтун, ва сӯи барраҳо ва гӯсолаҳо равон хоҳанд шуд; ва ҷони онҳо мисли боғи сероб хоҳад буд, ва онҳо дигар ғамгин нахоҳанд шуд.


Вале дар рӯзҳои охир Ман асирони Мӯобро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд». — Доварӣ дар бораи Мӯоб то ин ҷост.


Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро хоҳам баргардонид, — мегӯяд Худованд».


Ва Билро дар Бобил ҷазо хоҳам дод, ва он чи фурӯ бурдааст, аз даҳонаш берун хоҳам овард, ва халқҳо ба сӯи он дигар равон нахоҳанд шуд; ҳисори Бобил низ фурӯ хоҳад ғалтид.


Ва бар қавми Ман — Исроил — мисли абре ки заминро мепӯшонад, хоҳӣ баромад; ин дар айёми охирин рӯй хоҳад дод, ва Ман туро ба замини Худ хоҳам овард, то ки халқҳо Маро бидонанд, вақте ки ба воситаи ту, эй Ҷуҷ, Худро дар пеши назари онҳо тақдис намоям.


Дар рӯъёҳои Худо маро ба замини Исроил овард, ва маро бар кӯҳи бағоят баланде гузошт, ки бар он аз ҷануб мисли биноҳои шаҳр намоён буд.


Ва омадаам, то туро аз он чи дар айёми охир ба қавми ту воқеъ хоҳад шуд, хабардор намоям, зеро ки боз рӯъёе барои он айём ҳаст».


Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд:


Он гоҳ оҳан, гил, мис, нуқра ва тилло якбора гард‐гард шуда, мисли коҳрезаи хирмангоҳи тобистон гардид, ва бод онҳоро гирифта бурд, ва ному нишоне аз онҳо боқӣ намонд; ва он санг, ки ҳайкалро зада буд, ба кӯҳи бузурге табдил ёфта, тамоми заминро пур кард.


Чунон ки ту дидаӣ, ки санге аз кӯҳ канда шуд, бе он ки дасте расида бошад, ва охан, мис, гил, нуқра ва тиллоро пора‐пора кард, ончунон Худои бузург подшоҳро аз он чи баъд аз ин ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Пас, хоб дуруст ва таъбири он амин аст!»


Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.


Тамоми ин замин, аз Ҷабъ то Риммӯн, ки ба тарафи ҷануби Ерусалим аст, ба даштрӯяе табдил хоҳад ёфт, дар сурате ки Ерусалим боз ҳам баландтар шуда, дар макони худ аз дарвозаи Биньёмин то ҷои дарвозаи аввалин ва то дарвозаи кунҷакӣ, ва аз бурҷи Ҳананъил то чархушти подшоҳ маскун хоҳад гардид.


Ва Худованд бар тамоми замин Подшоҳ хоҳад буд; дар он рӯз Худованд Ягона хоҳад буд, ва исми Ӯ — Ягона.


Ва қавмҳои бисьёр ва халқҳои азим хоҳанд омад, то ки Худованди лашкарҳоро дар Ерусалим биталабанд, ва ба ҳузури Худованд илтиҷо намоянд.


Худованд чунин мегӯяд: Ман ба Сион хоҳам баргашт, ва андаруни Ерусалим сокин хоҳам шуд; ва Ерусалим шаҳри ҳақиқат, ва кӯҳи Худованди лашкарҳо кӯҳи муқаддас номида хоҳад шуд.


Ва шуморо ҳамаи халқҳо хушбахт хоҳанд хонд, зеро ки шумо замини матлуб хоҳед буд, мегӯяд Худованди лашкарҳо.


Ва алҳол, инак, ман назди қавми худ меравам; биё, ман туро огоҳ намоям, ки ин қавм ба қавми ту чиҳо хоҳанд кард».


„Ва дар рӯзҳои охир, мегӯяд Худо, чунин хоҳам кард: Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт, ва писарону духтарони шумо нубувват хоҳанд кард, ва ҷавонони шумо рӯъёҳо ва пирони шумо хобҳо хоҳанд дид;


Ва инро бидон, ки дар айёми охир замонҳои сахт фаро хоҳад расид.


Дар ин айёми охир ба мо ба василаи Писараш сухан ронд, ки Ӯро вориси ҳама чиз таъин намуд ва оламҳоро низ ба воситаи Ӯ ба вуҷуд овард.


Пеш аз ҳама бидонед, ки дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда,


Ва фариштаи ҳафтум карнай навоҳт, ва дар осмон овозҳои баланд баромаданд, ки мегуфтанд: «Салтанати ҷаҳон салтанати Худованди мо ва Масеҳи Ӯ гардидааст, ва Ӯ то абад салтанат хоҳад ронд».


Ва тахтҳо ва бар онҳо нишастагонро дидам, ки ихтиёри доварӣ кардан ба онҳо дода шуда буд, ва ҷонҳои касонеро дидам, ки барои шаҳодати Исо ва барои каломи Худо сар бурида шуда буданд, ва онҳо ба ҳайвони ваҳшӣ ва ба пайкари он саҷда накарда буданд ва тамғаи онро бар пешонӣ ва дасти худ назада буданд. Онҳо зинда шуданд ва бо Масеҳ ҳазор сол салтанат ронданд;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan