1 Каломе ки Ишаъё ибни Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар рӯъё дидааст.
Ва Эльёқимро, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва пирони коҳинонро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.
Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст.
Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни Омӯс дидааст.
Суханони Омӯс, ки аз чӯпонони Тақӯо буд, ва дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, ду сол пеш аз заминҷунбӣ, онҳоро дар бораи Исроил дар рӯъё дид.
Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.
Ва дар айёми охир чунин воқеъ хоҳад шуд, ки кӯҳи хонаи Худованд бар сари кӯҳҳо барқарор хоҳад гардид, ва аз пуштаҳо баланд хоҳад шуд, ва қавмҳо сӯи он равона хоҳанд шуд.
Овози Худованд ба шаҳр нидо медиҳад, ва соҳибҳикмат исми Туро мӯҳтарам медорад: «Бишнавед, ки чӣ гуна асои мазаммат муҳайёст, ва кӣ онро таъин намудааст.
Ваҳйе ки Ҳабаққуқи набӣ дидааст.