Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 16:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 «Машварат бидеҳ, додгарӣ бикун, сояи худро пешингоҳон мисли шаб бар мо биафкан, рондашудагонро пинҳон намо, оворагонро таслим накун.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 16:3
18 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Изобал анбиёи Худовандро маҳв менамуд, Убадьёҳу сад нафар анбиёро гирифта, дар мағораҳо панҷоҳнафарӣ пинҳон кард, ва онҳоро бо нон ва об таъмин намуд.


Некӯкориро таълим гиред; толиби адлу инсоф бошед; ба мазлум халосӣ диҳед; ба ятим додгарӣ намоед; бевазанро ҳимоят кунед».


Зеро ки Ту қалъае барои бенаво, қалъае барои мискин дар вақти тангии вай, паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ; зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон мисли селоби деворшикан аст.


Ва ҳар кас мисли паноҳгоҳе аз бод ва ниҳонгоҳе аз тӯфон, мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк, мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол хоҳад буд.


Худованд Худо, ки рондашудагони Исроилро ҷамъ меоварад, мегӯяд: «Ба замми онҳое ки ҷамъ омадаанд, Ман боз ҷамъ хоҳам овард».


Нони худро ба гуруснагон тақсим кун, ва бенавоёни оворагардро ба хонаи худ биёр; вақте ки бараҳнаро бинӣ, ӯро либос пӯшон, ва аз ақрабои худ пинҳон нашав.


Зеро ки кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд, ва салтанат бар дӯши Ӯ хоҳад буд, ва номи Ӯ Аҷиб, Мушовир, Худои Ҷаббор, Падари ҷовид, Мири осоиштагӣ хонда хоҳад шуд.


Эй хонадони Довуд! Худованд чунин мегӯяд: бомдодон аз рӯи инсоф доварӣ намоед ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо, мисли оташ берун омада, аланга занад, ва касе набошад, ки онро хомӯш кунад“».


Худованд чунин мегӯяд: адолат ва инсофро ба амал оваред ва ситамкашро аз дасти ситамгар раҳо кунед; ва ғариб, ятим ва беваро озор надиҳед ва зулм накунед, ва хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед.


Подшоҳ ба сухан оғоз намуд ва гуфт: «Ин, охир, Бобили бузург аст, ки ман онро барои хонаи салтанат бо тавоноии қудрати худ ва ба шарафи ҷалоли худ бино кардаам!»


«Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: аз рӯи адлу инсоф доварӣ кунед, ва ба якдигар эҳсон ва марҳамат зоҳир намоед;


Зеро ки гурусна будам, ба Ман хӯрок додед; ташна будам, ба Ман об додед; ғариб будам, Маро пазируфтед;


Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед, зеро ки ба воситаи он баъзе касон, нодониста, фариштагонро меҳмоннавозӣ кардаанд.


Ва хори муғелон ба дарахтон гуфт: „Агар ҳақиқатан шумо маро бар худ ба подшоҳӣ тадҳин мекарда бошед, пас биёед ва дар сояи ман паноҳ баред; вагар на, оташе аз хори муғелон берун омада, арзҳои Лубнонро фурӯ хоҳад бурд“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan