Ва аз ақиби онҳо то Урдун рафтанд, ва инак, тамоми роҳ аз либосҳо ва чизҳое ки арамиён саросема шуда партофта буданд, пур буд. Ва қосидон баргашта, ба подшоҳ хабар доданд.
Ва Ишаъёи набӣ назди подшоҳ Ҳизқиё омад, ва ба ӯ гуфт: «Ин одамон чӣ гуфтанд? Ва аз куҷо назди ту омадаанд?» Ва Ҳизқиё гуфт: «Аз кишвари дур, аз Бобил онҳо назди ман омадаанд».
Бинобар ин дӯзах ҳирси худро афзун кардааст, ва даҳони худро бениҳоят кушодааст; ва шавкати онҳо, ва хушнӯдии онҳо, ва ғавғои онҳо, ва ҳар кӣ дар байнашон хушҳол аст, дар он фурӯ хоҳад рафт.
Ва ту, эй тороҷшуда, чӣ хоҳӣ кард? Агарчи либоси қирмизӣ мепӯшӣ, агарчи худро бо зеварҳои тилло оро медиҳӣ, агарчи ба чашмони худ сурма мекашӣ, лекин бар абас худро зинат медиҳӣ: хушдоронат аз ту нафрат пайдо кардаанд, ва қасди ҷони ту доранд.
Ва туро, ва фарзандонатро дар дохили ту, ба хок яксон хоҳанд кард, ва дар ту санге бар санге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақти тафаққуди худро надонистӣ».