Ва он чи дар назари Худованд мақбул буд, ба амал овард, мувофиқи ҳар он чи падараш Узиё ба амал оварда буд, аммо ба маъбади Худованд дохил нашуд, вале қавм ҳанӯз гуноҳ мекарданд.
Мирони ту худсар шуда, шарики дуздон гардидаанд; ҳар яке аз онҳо ришваро дӯст медоранд ва аз паи бахшишҳо медаванд; ба ятим додгарӣ намекунанд, ва даъвои бевазан назди онҳо намеояд.
«Эй вой бар писарони исьёнкор, — мегӯяд Худованд, — ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман, ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман, то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!
Вале Ӯ низ хирадманд аст, ва ҳалокат хоҳад овард, ва суханони Худро ботил нахоҳад кард, ва бар зидди хонадони бадкешон ва мадади бадкирдорон қиём хоҳад намуд.
Онҳоро бод хоҳӣ дод, ва бод онҳоро хоҳад бардошт, ва тундбод онҳоро пароканда хоҳад кард; ва ту аз Худованд ба ваҷд хоҳӣ омад, аз Қуддуси Исроил фахр хоҳӣ кард.
Бинобар ин Худованд аз ҷавонони онҳо шод нахоҳад шуд, ва бар ятимон ва бевазанони онҳо раҳм нахоҳад кард, зеро ки ҳамаашон риёкор ва бадкирдор мебошанд, ва ҳар даҳоне бо ҳақорат сухан меронад; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
Шарорати ту туро ҷазо медиҳад, ва муртадии ту туро мазаммат менамояд; пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ, ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо.
Аз боиси тамоми шарорате ки банӣ‐Исроил ва банӣ‐Яҳудо ба амал оварданд, то ки Маро ба ғазаб оваранд, — худи онҳо, подшоҳони онҳо, мирони онҳо, коҳинони онҳо ва анбиёи онҳо, ва мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим.
Зеро ки Исроил ва Яҳудо аз Худои худ, аз Худованди лашкарҳо матрук нашудаанд, ва ҳол он ки замини онҳо аз маъсият бар зидди Қуддуси Исроил пур шудааст.
Ба ҳамаи фоҳишагон музди зино медиҳанд, валекин ту ба ҳамаи ошиқонат музди зиноятро медодӣ, ва онҳоро бо ришва мехаридӣ, то ки аз ҳар тараф назди ту барои зинокорихоят биёянд.
Ту духтари модари худ ҳастӣ, ки вай аз шавҳар ва писаронаш нафрат дошт; ва ту хоҳари хоҳарони худ ҳастӣ, ки онҳо аз шавҳарон ва писарони худ нафрат доштанд. Модари шумо ҳиттӣ буд, ва падари шумо — амӯрӣ.
Ва тамоми Исроил Тавроти Туро вайрон кардаанд ва аз он рӯй гардондаанд, то ки ба овози Ту гӯш надиҳанд, ва аз ин сабаб лаънат ва савганде ки дар Тавроти Мусои бандаи Худо навишта шудааст, бар мо рехта шуд, зеро ки мо пеши Ӯ гуноҳ кардаем.