Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Эй осмон, бишнав, ва эй замин, гӯш андоз, чунки Худованд сухан меронад: «Писаронро парвариш додам ва ба воя расонидам, вале онҳо бар зидди Ман исьён карданд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 1:2
37 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд Худои падаронашро тарк кард, ва бо роҳи Худованд равона нашуд.


Таронаи Ософ. Худои худоён, Худованд сухан меронад, ва заминро аз тулӯи офтоб то ғуруби он мехонад.


Маро аз гуноҳам чандинбора шустушӯ намо, ва аз хатоям маро пок кун,


«Эй вой бар писарони исьёнкор, — мегӯяд Худованд, — ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман, ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман, то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!


Зеро ки инҳо қавми осӣ, писарони каззоб ҳастанд, писароне ки намехоҳанд дастурҳои Худовандро гӯш кунанд,


Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Ӯ, ки маъсиятро бар зиддаш афзун кардаед, руҷӯъ намоед.


Эй халқҳо, наздик омада, бишнавед! Ва эй қабилаҳо, бодиққат гӯш кунед! Бигзор замин ва ҳар чи дар он аст, дуньё ва ҳар чи дар он ба вуҷуд меояд, бишнавад!


Ту, охир, Падари мо ҳастӣ, агарчи Иброҳим моро намедонад, ва Исроил моро намешиносад; Ту, эй Худованд, Падари мо, Раҳокунандаи мо ҳастӣ, ва исми Ту аз азал чунин аст.


Тамоми рӯз Ман дастҳои Худро сӯи қавми саркаше дароз мекардам, ки аз паи фикрҳои худ бо роҳи нодуруст мерафтанд,


Бишнавед ва гӯш диҳед ва ҳавобаландӣ накунед! Зеро ки Худованд сухан меронад.


Эй замин, эй замин, эй замин! Каломи Худовандро бишнав!


«Баргардед, эй писарони муртад, ва Ман муртадиҳои шуморо шифо хоҳам дод!». Инак, мо назди Ту меоем, зеро ки Ту Худованд Худои мо ҳастӣ!


Онҳо бо гирья хоҳанд омад, ва Ман онҳоро бо марҳамат хоҳам бурд; онҳоро сӯи ҷӯйҳои об бо роҳи рост хоҳам бурд, ки дар он пешпо нахоҳанд хӯрд; зеро ки Ман падари Исроил ҳастам, ва Эфроим нахустзодаи Ман аст.


Бишнав, эй замин! Инак, Ман мусибате бар ин қавм меоварам, ки самари афкори онҳост; зеро ки онҳо ба суханони Ман гӯш надоданд, ва шариати Маро рад карданд.


Барои хонадони исьёнгар масале бизан, ва ба онҳо бигӯй: „Худованд Худо чунин мегӯяд: деге бимон, онро бимон ва об низ дар он бирез.


Бинобар ин, эй кӯҳҳои Исроил, каломи Худованд Худоро бишнавед: Худованд Худо ба кӯҳҳо ва теппаҳо, ба рӯдхонаҳо ва дараҳо, ба вайронаҳои хало ва шаҳрҳои матрук, ки гирифтори тороҷ ва мавриди тамасхури бақияи халқҳои гирду атроф гардидаанд, чунин мегӯяд, —


Ин каломро бишнавед, ки Худованд дар ҳаққи шумо, эй банӣ Исроил, дар ҳаққи ҳар қабилае ки аз замини Миср берун овардаам, ба забон ронда, гуфтааст:


Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.


Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, гӯш андоз, эй замин ва ҳар чи дар он аст! Ва Худованд Худо ба муқобили шумо шоҳид бошад, яъне Худованд аз қасри қудси Худ!


Валекин ман ба воситаи Рӯҳи Худованд аз қувват ва инсоф ва мардонагӣ пур шудаам, то ки ба Яъқуб дар бораи ҷинояташ ва ба Исроил дар бораи гуноҳаш сухан ронам.


Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»


Мо наметавонем аз гуфтани он чи дидаем ва шунидаем, даст кашем».


Ва дар биёбон, чунон ки дидед, Худованд Худои шумо, мисли касе ки писари худро мебардорад, шуморо дар тамоми роҳе ки мерафтед, бардошта бурд, то даме ки ба ин ҷо расидед“.


Имрӯз осмон ва заминро ман пеши шумо ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ,


«Гӯш андоз, эй осмон, ки ман сухан хоҳам ронд, ва бигзор замин нутқи даҳонамро бишнавад.


Ман имрӯз бар шумо осмон ва заминро ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он аз Урдун убур менамоед, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд; айёми зиёде бар он иқомат нахоҳед кард, балки несту нобуд хоҳед шуд,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan