Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ишаъё 1:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Рӯъёи Ишаъё ибни Омӯс, ки онро дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, дидааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ишаъё 1:1
38 Iomraidhean Croise  

Дар соли бисту ҳафтуми Ёробъом, подшоҳи Исроил, Азарьё ибни Амасьё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.


Шаллум ибни Ёбиш дар соли сию нӯҳуми Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд, ва як моҳ дар Сомария подшоҳӣ кард.


Дар соли дуюми Фақаҳ ибни Рамальёҳу, подшоҳи Исроил, Ютом ибни Узиё, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.


Ва Азарьё бо падаронаш хобид, ва ӯро бо падаронаш дар шаҳри Довуд дафн карданд; ва писараш Ютом ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.


Ва дар соли сеюми Ҳӯшаъ ибни Эло, подшоҳи Исроил, Ҳизқиё ибни Оҳоз, подшоҳи Яҳудо, подшоҳ шуд.


Ва Эльёқимро, ки нозири хона буд, ва Шабнои котиб ва пирони коҳинонро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.


Ва тамоми қавми Яҳудо Узиёро, ки шонздаҳсола буд, гирифта, ба ҷои падараш Амасьё ӯро подшоҳ карданд.


Ва бақияи аъмоли Узиёро, аз аввал то оҳир, набӣ Ишаъё ибни Омӯс навиштааст.


Дар вақти подшоҳ шуданаш Ютом бисту панҷсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; ва номи модараш Ерушо бинти Содӯқ буд.


Дар вақти подшоҳ шуданаш Оҳоз бистсола буд, ва шонздаҳ сол дар Ерусалим подшоҳӣ кард; вале он чи дар назари Худованд мақбул буд, мисли падараш Довуд ба амал наовард,


Ва дигар қурбониҳои муқаддас — шашсад гов ва се ҳазор гӯсфанд буд.


Ваҳй дар бораи Бобил, ки онро Ишаъё ибни Омӯс дидааст.


Каломе ки Ишаъё ибни Омӯс дар бораи Яҳудо ва Ерусалим дар рӯъё дидааст.


Дар ҳамон вақт Худованд ба воситаи Ишаъё ибни Омӯс сухан ронда, гуфт: «Бирав, ва палосро аз камари худ бикшо, ва кафшро аз пойҳои худ дур кун». Ва ӯ чунин кард: бараҳна ва пойлуч роҳ мерафт.


Рӯъёи мудҳише ба ман аён шудааст: хоин хиёнат менамояд, ва тороҷгар тороҷ мекунад. Эй Элом, баро! Эй Модай, муҳосира намо! Ба тамоми оҳу нолаи он хотима хоҳам дод.


Ва Ильёқими нозири боргоҳ ва Шебнои мирзо ва коҳинони пиронсолро, ки палос пӯшида буданд, назди набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, фиристод.


Дар он айём Ҳизқиё бемор шуда, наздик ба мурдан буд; ва набӣ, Ишаъё ибни Омӯс, назди ӯ омада, ба ӯ гуфт: «Худованд чунин мегӯяд: барои аҳли байти худ васият намо, зеро ки ту хоҳӣ мурд ва шифо нахоҳӣ ёфт».


Бар кӯҳи баланд баро, эй мубашшираи Сион! Овозатро бо тамоми қувват баланд кун, эй мубашшираи Ерусалим! Баланд кун, натарс, ба шаҳрҳои Яхудо бигӯй: «Инак, Худои шумо!»


Дар соле ки подшоҳ Узиё вафот кард, Худовандро дидам, ки бар курсии баланд ва олӣ нишаста буд, ва домони Ӯ маъбадро пур карда буд.


Ва дар айёми Оҳоз ибни Ютом ибни Узиё подшоҳи Яҳудо воқеъ шуд, ки Расин подшоҳи Арам ва Фақаҳ ибни Рамальёҳу подшоҳи Исроил бар зидди Ерусалим баромаданд, то ки бо он ҷанг кунанд, валекин натавонистанд онро забт намоянд.


Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Ба суханони анбиё, ки барои шумо нубувват мекунанд, гӯш надиҳед: онҳо шуморо дар иштибоҳ андохта, рӯъёи дили худро баён менамоянд, на он чиро, ки аз даҳони Худо бошад.


Ва чунин воқеъ шуд, ки дар соли сиюм, дар рӯзи панҷуми моҳи чорум, вақте ки ман дар миёни ҷалои ватан шудагон назди наҳри Кабар будам, осмон кушода шуд, ва ман рӯъёҳои Худоро дидам.


Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.


Суханони Омӯс, ки аз чӯпонони Тақӯо буд, ва дар айёми Узиё, подшоҳи Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, ду сол пеш аз заминҷунбӣ, онҳоро дар бораи Исроил дар рӯъё дид.


Ва аз хамири туруш ҳадияи шукрона биёред, ва ҳадияҳои ихтиёриро нидокунон эълон намоед, зеро ки инро шумо, эй банӣ‐Исроил, дӯст медоред», мегӯяд Худованд Худо.


Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.


Ваҳй дар бораи Нинве; китоби рӯъёи Наҳуми алкӯшӣ.


Ва Худованд ба ман ҷавоб гардонда, гуфт: «Рӯъёро бинавис ва бар лавҳҳо ҳак намо, то ки хонанда онро бо тезӣ бихонад.


Ва Ӯ гуфт: «Суханони Маро бишнавед: агар дар миёни шумо набии Худованд бошад, Ман дар рӯъё ба вай зоҳир мешавам, дар хоб бо вай сухан меронам.


Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, ва афкори Ҳаққи Таолоро медонад, — рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад.


Нутқи касе ки суханони Худоро мешунавад, рӯъёҳои Қодирро муоина менамояд, фурӯ меғалтад, вале чашмонаш кушода мебошад:


Чун аз кӯҳ мефуромаданд, Исо таъкид намуда, гуфт: «То Писари Одам аз мурдагон эҳьё нашавад, ин рӯъёро ба касе нагӯед».


Чун Петрус бисьёр мутаҳайир шуда, фикр мекард, ки ин рӯъё чӣ маънӣ дошта бошад, фиристодагони Корнилюс ҳонаи Шимъӯнро суроғ карда, назди дарвозаи он омаданд


Бинобар ин, эй подшоҳ Ағрипос, ба рӯъёи осмонӣ беимонӣ накардам,


Агарчи фахр карданам фоида надорад, ба рӯъёҳо ва ваҳйҳои Худованд меоям.


Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan