Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ирмиё 7:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед, ва Ман шуморо дар ин макон сокин хоҳам гардонид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ирмиё 7:3
18 Iomraidhean Croise  

Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд.


Ва акнун ту ба мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим муроҷиат намуда, бигӯй: „Худованд чунин мегӯяд: инак, Ман мусибате барои шумо муҳайё менамоям, ва қасде ба муқобили шумо дорам; пас шумо ҳар яке аз роҳи бади худ баргардед, ва роҳҳо ва аъмоли худро ислоҳ намоед“.


Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард; ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.


Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муавффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.


Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд. Дастҳои худро бишӯед, эй гуноҳкорон, ва дилҳои худро пок кунед, эй дудилагон.


Ва ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, ҳар рӯз аз субҳидам фиристода, гуфтам: „Лутфан, ҳар яке аз шумо аз роҳи бади худ гашта, аъмоли худро ислоҳ намоед, ва аз паи худоёни бегона рафта, онҳоро ибодат накунед, то бар замине ки ба шумо ва падаронатон додаам, сукунат кунед“, вале шумо гӯши худро хам накардед ва Маро нашнидед.


Ва Худованд ба воситаи ҳар набӣ ва ҳар пешбин Исроил ва Яҳудоро таъкид карда, гуфт: «Аз роҳҳои бади худ баргардед ва аҳкому фароизи Маро мувофиқи тамоми шариате ки ба падарони шумо амр фармудаам, ва ба воситаи бандагонам анбиё ба шумо фиристодаам, риоя намоед».


«Агар ту, эй Исроил, — мегӯяд Худованд — баргардӣ, агар сӯи Ман баргардӣ, ва агар қабоҳатҳои худро аз пеши Ман дур кунӣ, оворагард нахоҳӣ шуд.


Валекин агар халқе ки дар бораи онҳо ин суханро гуфтаам, аз шарорати худ тавба кунанд, Ман он мусибатеро, ки азм доштам бар онҳо оварам, ботил хоҳам кард.


Ва алҳол ба ҳузури Худованд, Худои падарони худ, тавба карда, мувофиқи иродаи Ӯ амал кунед, ва худро аз қавмҳои замин ва аз занони аҷнабӣ ҷудо кунед».


Худованд чунин мегӯяд: «Дар роҳҳо биистед ва назар андозед, ва дар бораи тариқҳои қадимӣ бипурсед, ки роҳи нек кадом аст, ва бо он биравед, ва барои ҷони худ оромӣ хоҳед ёфт. Вале онҳо гуфтанд: „Нахоҳем рафт“.


Дар он сурат подшоҳон ва мироне ки бар тахти Довуд менишинанд ва бар аробаҳо ва аспон савор мешаванд, — худашон ва вазиронашон, мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим аз дарвозаҳои ин шаҳр дохил хоҳанд шуд, ва ин шаҳр то абад маскун хоҳад буд.


Зеро писарони Йӯнодоб ибни Рекоб амри падари худро, ки ба онҳо фармудааст, ба ҷо меоваранд, вале ин қавм ба Ман гӯш намедиҳанд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan