Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ирмиё 3:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва боришҳо боздошта шуд, борони баҳорӣ ҳам наборид; вале туро пешонии зани фоҳишае буд, — ту шарму ҳаёро аз худ дур кардӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ирмиё 3:3
28 Iomraidhean Croise  

Рӯзи дигар духтари калонӣ ба хурдӣ гуфт: «Инак, дишаб бо падарам хобидам; имшаб низ ӯро шароб нӯшонем, ва ту даромада, бо ӯ бихоб, то ки насле аз падари худ нигоҳ дорем».


Ва аз гӯш додан сар тофтанд, ва мӯъҷизоти Туро, ки барои онҳо ба амал овардӣ, ба ёд наоварданд, ва гарданкашӣ карданд, ва исьён бардошта, пешвоеро барои худ баргузиданд, то ки ба ғуломии худ баргарданд; вале Ту Худои ғаффор, карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва онҳоро тарк накардӣ.


Шахси шарир чеҳраи худро бешарм мегардонад, вале росткор роҳҳои худро месанҷад.


Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.


Каломи Худованд, ки дар бораи хушксолӣ бар Ирмиё нозил шудааст.


Оё дар миёни бутҳои халқҳо ба вуҷуд оварандагони борон ҳастанд? Ва оё осмон худ аз худ метавонад борон биборонад? Ин, охир, Ту, эй Худованд, Худои мо ҳастӣ, ва мо ба Ту умед хоҳем баст, зеро ки Ту ҳамаи ин чизҳоро офаридаӣ.


Ва акобирашон навкарони худро барои об мефиристанд; онҳо назди ҳавзҳо меоянд, аммо об намеёбанд; бо зарфҳои холӣ бармегарданд; ошуфта ва хиҷил гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.


Азбаски замин кафидааст, зеро дар мамлакат борон наборидааст, бинобар ин зироаткорон ошуфта гардида, сарҳои худро мепӯшонанд.


«Тӯмори китобат барои худ бигир ва ҳамаи суханонеро, ки Ман дар бораи Исроил ва дар бораи ҳамаи халқҳо ба ту гуфтаам, аз рӯзе ки ба ту сухан рондаам, яъне аз айёми Йӯшиё то имрӯз, дар он бинавис.


Ва дар дили худ нагуфтанд: „Аз Худованд Худои худ битарсем, ки Ӯ борони аввал ва охирро дар сари вақт меборонад, ҳафтаҳои барои дарав таъиншударо барои мо нигоҳ медорад“.


Гуноҳҳои шумо инро ақиб андохтааст, ва хатоҳои шумо некиро аз шумо дур кардааст.


Худовандо! Чашмони Ту, охир, сӯи ростӣ нигаронида шудааст. Онҳоро зарба задӣ, вале дардро ҳис накарданд; онҳоро талаф намудӣ, панд гирифтан нахостанд; рӯйҳои худро аз сахра сахттар гардондаанд, намехоҳанд руҷӯъ намоянд.


Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд? Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд; бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод, ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям, пешпо хоҳанд хӯрд», — мегӯяд Худованд.


Оё онҳо шарм медоранд, вақте ки корҳои зишт мекунанд? Не, шарм ҳам надоранд, аз ҳаё ҳам бехабаранд; бинобар ин дар миёни афтодагон хоҳанд афтод, ва дар рӯзе ки онҳоро доварӣ намоям, пешпо хоҳанд хӯрд — мегӯяд Худованд.


Кист марди хирадманд, ки инро тавонад фаҳм кунад, ва даҳони Худованд ба ӯ сухан гуфта бошад, ва ӯ эзоҳ диҳад, ки чаро замин талаф шуда, мисли биёбоне сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад?


Валекин хонадони Исроил намехоҳанд ба ту гӯш андозанд, чунки намехоҳанд ба Ман гӯш андозанд, зеро ки тамоми хонадони Исроил пешонии сахт ва дили сангин доранд.


Ва кибри қудрати шуморо дарҳам хоҳам шикаст, ва осмонатонро монанди оҳан ва заминатонро монанди мис хоҳам гардонид.


«Ва Ман низ, вақте ки то дарав се моҳ монда буд, боронро аз шумо боздоштам, ва бар як шаҳр боронидам, ва бар шаҳри дигар наборонидам; як қитъаи саҳро шодоб гардид, ва қитъаи дигар, ки борон бар он наборид, хушк шуд.


Ва аҳли ду‐се шаҳр сӯи як шаҳр барои нӯшидани об равона шуданд, вале сер нашуданд; валекин сӯи Ман барнагаштед», мегӯяд Худованд.


Барои тавба ҷамъ шавед ва фароҳам оед, эй халқи беҳаё,


Худованд андаруни вай одил аст, ноинсофӣ намекунад; ҳар субҳ доварии Худро ошкоро зоҳир месозад, пай дарҳам амал мекунад, вале шахси ноинсоф шармро намедонад.


Ва Ман бар замин ва кӯҳҳо, ва бар ғалла ва шираи ангур ва равғани зайтун, ва бар ҳар он чи замин мерӯёнад, ва бар одамизод ва чорпоён, ва бар ҳар он чи аз меҳнати дастҳо ҳосил мешавад, хушксолиро хондаам».


Ва осмони ту, ки болои сари туст, монанди мис хоҳад гардид, ва замине ки зери пои туст, — монанди оҳан.


Бохабар бошед, ки шумо низ аз сухангӯ рӯ нагардонед. Зеро, агар онҳое ки бар замин ба сухангӯ гӯш наандохтанд, аз ҷазо раҳо нашудаанд, пас алалхусус мо, агар аз Ӯ, ки аз осмон сухан мегӯяд, рӯ гардонем, раҳо наҳоҳем шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan