Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ирмиё 26:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Шояд онҳо бишнаванд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва он гоҳ Ман мусибатеро, ки мехоҳам бар онҳо барои аъмоли бадашон биёрам, ботил хоҳам кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ирмиё 26:3
15 Iomraidhean Croise  

Ва ҳангоме ки Аҳъоб ин суханонро шунид, либосҳояшро дарронид, ва палосе дар бар кард, ва рӯза дошт, ва дар палос мехобид, ва ғамгинона роҳ мерафт.


«Оё Аҳъобро мебинӣ, чӣ гуна ба ҳузури Ман гардан фуровардааст? Азбаски ӯ ба ҳузури Ман гардан фуровардааст, он фалокатро дар айёми ӯ нахоҳам овард, балки дар айёми писараш он фалокатро бар хонадони ӯ хоҳам овард».


Ва акнун роҳҳои худ ва аъмоли худро ислоҳ намоед ва овози Худованд Худои худро бишнавед, ва он гоҳ Худованд аз мусибате ки дар бораи шумо фармудааст, пушаймон хоҳад шуд.


Оё Ҳизқиё подшоҳи Яҳудо ва тамоми Яҳудо ӯро қатл карданд? Не, вай аз Худованд тарсид ва пеши Худованд тазаррӯъ намуд, ва Худованд аз мусибате ки дар бораи онҳо фармуда буд, пушаймон шуд; валекин мо мусибати азиме бар ҷонҳои худ меоварем!»


Шояд, хонадони Яҳудо тамоми мусибатеро, ки Ман мехоҳам бар онҳо оварам, бишнаванд, то ки ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, ва Ман маъсият ва гуноҳи онҳоро биомурзам».


Шояд, онҳо ба ҳузури Худованд истиғоса баранд ва ҳар яке аз роҳи бади худ баргарданд, зеро хашму ғазабе ки Худованд дар бораи ин қавм баён намудааст, бузург аст».


Ва ту, эй писари одам, барои худ бисоти ҷалои ватанро муҳайё намо, ва рӯзона дар пеши назари онҳо муҳоҷират кун, ва аз макони худ ба макони дигар дар пеши назари онҳо муҳоҷират кун; шояд инро дида, фаҳм кунанд, агарчи хонадони исьёнгар мебошанд.


Ва агар шарир аз ҳамаи гуноҳҳое ки ба амал овардааст, тавба кунад, ва тамоми фароизи Маро риоя намояд ва адлу инсофро ба амал оварад, ҳатман зинда хоҳад монд, ӯ нахоҳад мурд.


Бар ҳасби оташи ғазаби Худ амал нахоҳам кард, ба маҳв кардани Эфроим шурӯъ нахоҳам намуд; зеро ки Ман Худо ҳастам ва на одамизод; дар миёни ту Қуддус ҳастам; ва дар авҷи ғазаб назди ту нахоҳам омад.


Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.


Ва сӯи Худованд дуо кард ва гуфт: «Эй Худованд! Оё сухани ман ҳамин набуд, вақте ки ҳанӯз дар диёри худ будам? Барои ҳамин ҳам ба гурехтан ба Таршиш шитоб кардам, зеро медонистам, ки Ту Худои бахшанда ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон ҳастӣ, ва аз офат пушаймон мешавӣ.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan