3 Исроил барои Худованд қудс аст, ва навбари меваҳои Ӯ; онҳое ки онро бихӯранд, маҳкум хоҳанд шуд, ва мусибате бар онҳо хоҳад омад», — мегӯяд Худованд.
Дар овардани навбари ҳосилоти худ ва маҳсули чархушти худ даранг накун; нахустзодаи писаронатро ба Ман бидеҳ.
Ва иди дарави навбари ғалладонаи худро, ки дар саҳро кишт кардаӣ; ва иди ҷамъовариро дар охири сол, вақте ки ҳосили меҳнати худро аз саҳро ҷамъ кардаӣ.
Инак, ҳамаи онҳое ки бар ту ғазаб доранд, хиҷил ва расво хоҳанд шуд, ва онҳое ки бо ту ҷидол мекунанд, нест шуда, беному нишон хоҳанд рафт;
Ман бар қавми Худ хашм гирифтам, мероси Худро хор доштам, ва онҳоро ба дасти ту супурдам, — аммо ту ба онҳо раҳм накардӣ, юғи худро бар пирон бағоят гарон кардӣ.
Худованд дар бораи ҳамаи ҳамсоягони шарири Худ, ки таҷовуз менамоянд ба мулке ки Ӯ ба қавми Худ — Исроил мерос додааст, чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро аз заминашон хоҳам барканд, ва хонадони Яҳудоро аз миёни онҳо хоҳам барканд.
Каломи Худовандро бишнавед, эй хонадони Яъқуб ва ҳамаи қабилаҳои хонадони Исроил!
Бинобар ин ҳамаи онҳое ки туро мехӯранд, хӯрда хоҳанд шуд, ва ҳамаи бадхоҳони ту саросар ба асирӣ хоҳанд рафт, ва онҳое ки туро яғмо мекунанд, яғмо хоҳанд шуд, ва ҳамаи тороҷкунандагонатро гирифтори тороҷ хоҳам кард,
Ҳар кӣ онҳоро меёфт, онҳоро мехӯрд, ва душманонашон мегуфтанд: „Мо гуноҳкор нестем; зеро ки онҳо пеши Худованд, ки маскани адолат аст, ва пеши Худованд, ки умеди падарони онҳо буд, гуноҳ кардаанд“.
Дар бораи он ба писарони худ ҳикоят кунед, ва писарони шумо — ба писарони худашон, ва писарони онҳо — ба насли дигар.
Вой ба ҳоли онҳое ки дар Сион бепарво ва дар кӯҳи Сомария дилпур мебошанд, — ин нақибони халқи хуҷиста, ки хонадони Исроил назди онҳо меоянд!
Он гоҳ мисли боде вазида ба макони дигар мегузаранд ва гуноҳкор мешаванд, чунки ин қуввати худро ба худои худ нисбат медиҳанд».
Ва бар халқҳои бепарво бағоят хашмгин ҳастам: вақте ки хашми Ман андак буд, онҳо бадиро афзун карданд.
Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд. Барои ҷалоли шумо Ӯ маро назди халқҳое ки шуморо тороҷ карданд, фиристодааст; зеро ҳар кӣ ба шумо даст расонад, ба мардумаки чашми Ӯ даст расонда бошад.
Тамоми гузини равғанро, ва тамоми гузини шароб ва ғалларо, яъне навбарҳои онҳоро, ки ба Худованд тақдим менамоянд, ба ту бахшидам.
Агар хамирмоя муқаддас бошад, хамир низ муқаддас аст; ва агар реша муқаддас бошад, шохаҳо низ муқаддас аст.
Ба маҳбуби ман Апинтус, ки барои Масеҳ навбари Охоия аст, салом гӯед.
Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳон дар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем.
Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ, ва Худованд туро баргузидааст, то аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин мебошанд, қавми гузине барои Ӯ бошӣ.
Ва Ӯ туро дар ҷалол, шӯҳрат ва шавкат бар ҳамаи халқҳое ки Ӯ офаридааст, баланд гардонад, ва ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас бошӣ, чунон ки Ӯ гуфтааст».
Зеро ки ту барои Худованд Худои худ қавми муқаддас ҳастӣ; Худованд Худоят туро баргузидааст, то аз миёни ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, қавми хуҷистае барои Ӯ бошӣ.
Ӯ, бар ҳасби хости Худ, моро ба василаи каломи ростӣ ба дуньё овард, то ки як навъ навбари офаридаҳои Ӯ бошем.
Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —
Инҳо касоне ҳастанд, ки бо занон палид нашудаанд, зеро ки онҳо боисматанд; инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд,