Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ирмиё 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то охири соли ёздаҳуми Сидқиё ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо, то вақте ки Ерусалим дар моҳи панҷум ба асирӣ бурда шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ирмиё 1:3
19 Iomraidhean Croise  

Ва фиръавн Накӯҳ Эльёқим ибни Йӯшиёҳуро ба ҷои падараш Йӯшиёҳу подшоҳ карда, номи ӯро ба Еҳӯёқим мубаддал намуд; ва Еҳӯоҳозро гирифт, ва ӯ ба Миср омада, дар он ҷо мурд.


Ва подшоҳи Бобил амаки ӯ Маттаньёро ба ҷои ӯ подшоҳ кард, ва номи варо ба Сидқиёҳу мубаддал намуд.


Ва писарони Йӯшиёҳу: нахустзодааш Йӯҳонон, дуюмин — Еҳӯёқим, сеюмин — Сидқиё, чорумин — Шаллум.


Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:


Каломе ки аз ҷониби Худованд дар замоне ки Набукаднесар подшоҳи Бобил ва тамоми лашкари ӯ, ва ҳамаи мамлакатҳои замин, ки зердасти ӯ буданд, ва ҳамаи қавмҳо бар зидди Ерусалим ва бар зидди ҳамаи шаҳрҳои он меҷангиданд, бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:


Каломе ки аз ҷониби Худованд дар айёми Еҳӯёқим ибни Йӯшиё подшоҳи Яҳудо бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:


«Тӯмори китобат барои худ бигир ва ҳамаи суханонеро, ки Ман дар бораи Исроил ва дар бораи ҳамаи халқҳо ба ту гуфтаам, аз рӯзе ки ба ту сухан рондаам, яъне аз айёми Йӯшиё то имрӯз, дар он бинавис.


Дар соли ёздаҳуми Сидқиё, дар моҳи чорум, дар рӯзи нӯҳуми моҳ, ҳисори шаҳр рахна карда шуд.


«Ба тамоми қавми ин замин ва ба коҳинон бигӯй: „вақте ки шумо, дар давоми ин ҳафтод сол, дар моҳи панҷум ва моҳи ҳафтум рӯза доштед ва навҳа кардед, оё барои Ман рӯза доштед?


«Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: рӯзаи моҳи чорум ва рӯзаи моҳи панҷум, ва рӯзаи моҳи ҳафтум ва рӯзаи моҳи даҳум барои хонадони Яҳудо ба шодӣ ва хурсандӣ ва идҳои нек мубаддал хоҳад шуд; валекин ростӣ ва осоиштагиро дӯст доред.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan