Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ирмиё 1:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ки дар айёми Йӯшиё ибни Амӯн подшоҳи Яҳудо, дар соли сездаҳуми подшоҳии вай, каломи Худованд бар ӯ нозил шуд,

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ирмиё 1:2
18 Iomraidhean Croise  

Ва бар тибқи каломи Худованд вай ба қурбонгоҳ муроҷиат намуда, гуфт: «Эй қурбонгоҳ, қурбонгоҳ! Худованд чунин мегӯяд: „Инак, писаре дар хонадони Довуд таваллуд меёбад, ки Йӯшиёҳу ном дорад; ва ӯ коҳинони баландиҳоро, ки бар ту бухур месӯзонанд, бар ту забҳ хоҳад кард, ва устухонҳои одамро бар ту хоҳанд сӯзонид“».


Ва ҳангоме ки онҳо назди миз нишаста буданд, каломи Худованд бар набие ки варо баргардонида буд, нозил шуд,


Ва Менашше бо падарони худ хобид ва дар боғи хонаи худ, дар боғи Уззо дафн карда шуд; ва писараш Омӯн ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.


Вале кавми мамлакат ҳамаи онҳоеро, ки бар подшоҳ Омӯн суиқасд карда буданд, ба қатл расониданд; ва қавми мамлакат писараш Йӯшиёҳуро ба ҷои ӯ подшоҳ карданд.


Ва дар соли ҳаждаҳуми подшоҳ Йӯшиёҳу чунин воқеъ шуд, ки подшоҳ Шофон ибни Асальёҳу ибни Машулломи котибро ба хонаи Худованд фиристода, гуфт:


Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт: «Эй Ирмиё, чӣ чизе ту мебинӣ?» Ва ман гуфтам: «Шохаи дарахти бодомро мебинам».


Ва каломи Худованд бар ман нозил шуда, гуфт:


«Аз соли сездаҳуми Йӯшиё ибни Омӯн подшоҳи Яҳудо ва то имрӯз, яъне бисту се сол боз, каломи Худованд бар ман нозил мешуд, ва ман онро ба шумо мегуфтам, ҳар рӯз аз субҳидам сухан мерондам, валекин шумо нашнидед.


Ва баъд аз он ки Ҳананьёи набӣ юғро аз гардани Ирмиёи набӣ гирифта дарҳам шикаст, каломи Худованд бар Ирмиё нозил шуда, гуфт:


Ва Худованд дар айёми подшоҳ Йӯшиё ба ман гуфт: «Оё ту дидӣ, ки Исроили муртад чиҳо кард? Вай ба ҳар кӯҳи баланд ва зери ҳар дарахти сабз рафта, дар он ҷо зино мекард.


«Тӯмори китобат барои худ бигир ва ҳамаи суханонеро, ки Ман дар бораи Исроил ва дар бораи ҳамаи халқҳо ба ту гуфтаам, аз рӯзе ки ба ту сухан рондаам, яъне аз айёми Йӯшиё то имрӯз, дар он бинавис.


Каломи Худованд, ки дар айёми Узиё, Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, ва дар айёми Ёробъом ибни Юош, подшоҳи Исроил, бар Ҳушаъ ибни Баэрӣ нозил шуд.


Каломи Худованд, ки бар Юил ибни Фатуил нозил шуд.


Ва каломи Худованд ба самъи Юнус ибни Амитай расид, ки мегуфт:


Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.


Каломи Худованд, ки бар Сафаниё ибни Кушӣ, ибни Ҷадальё, ибни Амарьё, ибни Ҳизқиё, дар айёми Йӯшиё ибни Омӯн, подшоҳи Яҳудо, нозил шуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan