Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 9:7 - Китоби Муқаддас 1992 1999

7 Аммо ба қисми дуюми хайма соле як бор фақат саркоҳин медарояд, он ҳам бе хун не, ки онро барои худаш ва барои хатокориҳои қавм қурбонӣ мекунад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

7 Аммо ба қисми дуюм фақат саркоҳин соле як бор медаромад. Он ҳам ҳангоми даромаданаш барои гуноҳҳое, ки надониста худаш ва халқ содир карда буданд, ҳамеша хуни қурбонӣ тақдим мекард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 9:7
23 Iomraidhean Croise  

Ва хашми Худованд бар Уззо аланга зада, Худо ӯро дар он ҷо барои дастдарозияш зарба зад, ва ӯ дар он ҷо назди сандуқи Худо мурд.


Вале Менашше аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро то ба дараҷае гумроҳ сохт, ки аз халқҳое ки Худованд онҳоро аз пеши банӣ‐Исроил нест карда буд, бадтар рафтор карданд.


Ба халқҳо бигӯед: Худованд подшоҳӣ мекунад! Дуньё низ устувор шудааст, фурӯ нахоҳад ғалтид; Ӯ қавмҳоро аз рӯи инсоф доварӣ хоҳад кард.


Ва Ҳорун соле як маротиба бар шохҳои он кафорат хоҳад намуд, аз хуни қурбонии гуноҳ, ки барои кафорат бошад, соле як маротиба бар он дар наслҳои шумо кафорат хоҳад намуд; ин қудси қудсҳост барои Худованд».


Ва инҳо низ аз шароб гумроҳ гардидаанд ва аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд; коҳин ва набӣ аз арақ гумроҳ гардидаанд, аз шароб саргаранг шудаанд, аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд, дар рӯъё хато кардаанд, дар доварӣ пешпо хӯрдаанд.


Бинобар ин Ман боз ин қавмро бо рафтори аҷибу ғарибе дар ҳайрат хоҳам андохт, ва ҳикмати ҳакимони онҳо ба ҳалокат хоҳад расид, ва ақли оқилони онҳо нопадид хоҳад шуд».


Бар қавми ман кӯдакон зулм мекунанд, ва занон бар вай салтанат меронанд. Эй қавми ман! Роҳбаронат туро дар иштибоҳ меандозанд, ва самти роҳҳои туро вайрон кардаанд.


Ва пешвоёни ин қавм онҳоро дар иштибоҳ хоҳанд андохт, ва муридонашон дарҳам‐барҳам хоҳанд шуд.


Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад, зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст, ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд.


Ва ин барои шумо фаризаи абадӣ хоҳад буд, то ки банӣ‐Исроил аз ҳамаи гуноҳҳошон соле як карат кафорат карда шаванд». Ва Ҳорун ончунон, ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд, ба амал овард.


Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва барои тезрав ҷои гурез нахоҳад буд, ва зӯровар бо қуввати худ ғолиб нахоҳад шуд, ва паҳлавон ҷонашро ба саломат нахоҳад бурд.


Ва коҳин тамоми ҷамоати банӣ‐Исроилро кафорат менамояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд, зеро ки ин саҳв буд, ва онҳо қурбонии худро барои қурбонии оташини Худованд, ва қурбонии гуноҳи худро барои саҳви худ ба ҳузури Худованд тақдим кардаанд.


Ақлашон тира гардида, онҳо аз ҳаёти Худо бегона шудаанд, ба сабаби ҷаҳолат ва дилсахтие ки ба онҳо хос аст.


Лекин ба василаи ин қурбониҳо сол ба сол дар бораи гуноҳҳо хотиррасон карда мешавад;


Он умед барои ҷон мисли лангари боэътимод ва мустаҳкам аст, ва андаруни парда дохил мешавад,


Ки эҳтиёҷ надорад ҳар рӯз, мисли он саркоҳинон, аввал барои гуноҳҳои худаш, баъд барои гуноҳҳои қавм қурбониҳо тақдим кунад, зеро ки инро Ӯ як бор ба амал овард, вақте ки Худро ба унвони қурбонӣ тақдим кард.


Ва дар паси парда кисми дуюми хайма буд, ки «қудси қудсҳо» номида мешавад,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan