Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 9:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал сухан рондан лозим нест.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

5 Дар болои сандуқ ҳамчун нишонаи бузургии Худо ҳайкалҳои махлуқҳои осмонӣ буданд, ки каррубӣ ном доштанд. Қанотҳои онҳо болои сарпӯши сандуқ, ки ҷойи бахшиши гуноҳҳо буд, паҳн мешуданд. Ҳоло мо дар бораи ҳамаи ин як ба як гуфта истода наметавонем.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 9:5
15 Iomraidhean Croise  

Ва Ҳизқиё ба ҳузури Худованд дуо хонда, гуфт: «Эй Худованд Худои Исроил, ки бар каррубиён нишастаӣ! Туӣ, ки ба танҳоӣ Худои ҳамаи мамлакатҳои замин ҳастӣ; Ту осмон ва заминро офаридаӣ.


Ва Довуд ба писараш Сулаймон нақшаи равоқ, ва хонаҳои он, ва анборҳои он, ва болохонаҳои он, ва ҳуҷраҳои дохилии он, ва хонаи ҳарамро дод,


Барои сардори муғанниён бар сози Ҷот. Таронаи Ософ.


Таронаи шукрона. Дар шаъни Худованд бонги шодӣ занед, эй тамоми аҳли замин!


Ва бухурро бар оташ ба ҳузури Худованд мемонад, ва абри бухур сарпӯшеро, ки бар алвоҳи шаҳодат аст, мепӯшонад, то ки ӯ намирад;


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба бародарат Ҳорун бигӯ, ки дар қудс ба пушти пардае ки пеши сарпӯши сандуқ аст, ҳар вақт дохил нашавад, то ки намирад, зеро ки Ман андаруни абр бар сарпӯш зоҳир хоҳам шуд.


Ва ҳангоме ки Мусо ба хаймаи ҷомеъ даромад, то ки бо Ӯ сухан ронад, овозеро шунид, ки аз болои сарпӯше ки бар сандуқи шаҳодат буд, аз миёни ду каррубӣ ба вай сухан меронд; ва Ӯ ба вай сухан меронд.


Онҳо исроилиёнанд; фарзандхондагӣ ва ҷалол, аҳдҳо ва шариат, ибодат ва ваъдаҳо ба онҳо тааллуқ доранд;


То ки ҳоло ба воситаи Калисо ба сарварон ва ҳукуматдороне ки дар афлоканд, ҳикмати гуногуншакли Худо маълум гардад,


Бинобар ин бо ҷуръат ба тахти файз наздик оем, то ки марҳамат ба даст оварем ва барои мадади саридарвақт файз ёбем.


Ба онҳо ошкор шуда буд, ки на ба худашон, балки ба мо хизмат кардаанд дар хусуси он чи ҳоло ба шумо мавъиза шудааст ба воситаи онҳое ки бо Рӯҳулқудси аз осмон фиристодашуда ба шумо башорат додаанд, яъне он чи, ки фариштагон мехоҳанд андарунаш назар андозанд.


Ва қавм ба Шилӯ фиристоданд, ва сандуқи аҳди Худованди лашкарҳоро, ки дар миёни каррубиён сокин аст, аз он ҷо бардошта оварданд; ва ду писари Элӣ — Ҳофнӣ ва Финҳос — дар он ҷо бо сандуқи аҳди Худо буданд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan