Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 9:22 - Китоби Муқаддас 1992 1999

22 Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

22 Дар ҳақиқат мувофиқи шариат қариб ҳама чиз бо хун пок мешавад ва бе рехтани хун гуноҳҳо бахшида намешаванд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 9:22
14 Iomraidhean Croise  

Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Худованд Худо чунин мегӯяд: ин аст фароизи қурбонгоҳ дар рӯзе ки сохтани он ба анҷом расад, то ки қурбонии сӯхтанӣ бар он биёранд ва хун бар он бипошанд.


Ва коҳин аз хуни қурбонии ҷурм мегирад, ва коҳин онро бар нармаи гӯши рости шахси покшаванда ва бар нарангушти дасти рости вай, ва бар нарангушти пои рости вай мемолад.


Ва барраи қурбонии ҷурмро забҳ мекунад; ва коҳин аз хуни қурбонии ҷурм гирифта, ба нармаи гӯши рости шахси покшаванда, ва ба нарангушти дасти рости вай, ва ба нарангушти пои рости вай мемолад.


Аммо парандаи зиндаро ӯ бо чӯби арз ва риштаи қирмизӣ ва зуфо мегирад, ва онҳоро бо парандаи зинда дар хуни парандае ки бар оби равон кушта шудааст, меғӯтонад.


Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.


Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.


Ва тамоми чарбуи онро, мисли чарбуи забҳи саломатӣ, бар қурбонгоҳ месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро ҳамин тавр кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи гӯсфанд аз забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва дигарашро барои қурбонии сӯхтанӣ, бар тибқи дастур, ба кор мебарад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва агар ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии худ барои гуноҳе ки кардааст, ба қадри даҳьяки эфа орди маҳин барои қурбонии гуноҳ биёрад; бигзор равған бар он нарезад, ва лебӯно бар он намонад, зеро ки ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва онро назди коҳин мебиёрад; ва коҳин як мушт аз он ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ мегирад, ва бар қурбонгоҳ ҳамчун қурбонии оташини Худованд месӯзонад. Ин қурбонии гуноҳ аст.


Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва коҳин гуноҳи ӯро ба ҳузури Худованд кафорат менамояд, ва ӯ дар ҳар коре ки карда муҷрим гардидааст, омурзида хоҳад шуд».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan