Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибриён* 9:21 - Китоби Муқаддас 1992 1999

21 Ҳамчунин бар хайма ва тамоми олоти ибодати Худо хун пошид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac

Китоби Муқаддас Оммафаҳм

21 Бо ҳамин тарз вай ҳам худи хайма ва ҳам зарфҳои барои ибодат лозимаро хунпошӣ кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибриён* 9:21
12 Iomraidhean Croise  

Ва Мусо нисфи хунро гирифта, дар тосҳо рехт, ва нисфи хунро бар қурбонгоҳ пошид;


Ва аз хуни гӯсола гирифта, бар шохҳои қурбонгоҳ бо ангуштонат бипош; ва тамоми хунро бар бунёди қурбонгоҳ бирез.


Ва қӯчқорро забҳ намо, ва аз хуни он гирифта, бар нармаи гӯши рости Ҳорун ва бар нармаи гӯши рости писаронаш, ва бар нарангушти дасти росташон, ва бар нарангушти пои росташон бимол; ва хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд бипош.


Ва гӯсолаи қурбонии гуноҳро ҳар рӯз барои кафорат забҳ намо, ва қурбонгоҳро бо кафорате ки бар он мекунӣ, аз гуноҳҳо пок намо, ва онро тадҳин бикун, то ки тақдис ёбад.


Ва равғани тадҳинро гирифта, масканро бо ҳар он чи дар он аст, тадҳин намо, ва онро бо тамоми колояш тақдис кун, ва он муқаддас хоҳад шуд.


Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро гирифт, ва бар шохҳои қурбонгоҳ гирдогирд бо ангушташ молид, ва қурбонгоҳро татҳир намуд, ва хунро бар буньёди қурбонгоҳ рехта, онро тақдис кард, то ки барояш кафорат намояд.


Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.


Ва барзагов ва қӯчқорро, ки забҳи саломатӣ барои қавм буд, забҳ намуд; ва писарони Ҳорун хунро назди ӯ оварданд, ва ӯ онро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan