Ва бандчае аз зуфо гирифта, дар хуне ки дар лаган аст, биғӯтонед, ва ба болодарӣ ва ду паҳлударӣ аз хуне ки дар лаган аст, бимолед; ва касе аз шумо аз дари хонаи худ то субҳ берун наравад.
Ва писарони Ҳорунро наздик овард, ва Мусо аз он хун бар нармаи гӯши рости онҳо, ва бар нарангушти дасти рости онҳо, ва бар нарангушти пои рости онҳо молид; ва Мусо он хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.
Зеро, вақте ки Мусо ҳамаи аҳкомро мувофиқи шариат пеши тамоми қавм ҳонд, хуни говҳо ва бузҳоро бо об ва пашми арғувонӣ ва зуфо гирифта, ҳам бар худи китоб пошид, ҳам бар тамоми қавм,